Санаи 3-юми марти соли равон дар факултети фаъолияти гумрукӣ ва амнияти иқтисодии ДДМИТ ҳамоиши устодону донишҷӯён дар мавзуи «Коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамчун таҳдид ба ҷомеаи муосир ва роҳҳои пешгирии он» доир гардид, ки дар он Раҳмонзода Фаромарз Назришо - майори адлия, намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуд.

Нахуст, декани факултет Мастура Буриева иброз дошт, ки ҳадаф аз гузаронидани вохӯрӣ ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, пешгирӣ намудани ҳама гуна зуҳуроти манфӣ дар ҷомеа, алалхусус дар байни ҷавонону донишҷӯён ва бартарафсозии омилҳои ба он мусоидаткунанда мебошад.

Раҳмонзода Фаромарз Назришо бошад, дар навбати худ, зикр намуд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ имрӯз барои решакан кардани амалҳои коррупсионӣ дастҷамъона мубориза мебаранд. Тоҷикистон низ чун узви ҷудонопазири ҷомеаи ҷаҳонӣ баҳри пешгирӣ ва аз байн бурдани коррупсия дар қаламрави кишвар тадбирҳои судманд андешидааст. Аҳолии ҷумҳурӣ, аллакай дарк кардаанд, ки амалҳои коррупсионӣ барои пешрафти ҷомеа монеа эҷод мекунанд.

Экстремизм ва терроризм низ барои ҳар як ҷомеа хатари ҷиддӣ доранд. Барои мубориза бо ин зуҳурот ҳар як шахс, махсусан ҷавонон бояд масъулиятшинос бошанд, зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва ба доми таблиғоти ифротӣ наафтанд. Барои муборизаи муассир бо ин зуҳуроти хатарнок зарур аст, ки ҳамаи қишрҳои ҷомеа аз оила то мактаб, аз ниҳодҳои давлатӣ то ҷомеаи шаҳрвандӣ якҷоя амал кунанд. Танҳо бо ҳамдигарфаҳмӣ, таҳаммулпазирӣ ва рушди маънавиёт метавонем ҷомеаи амн ва мутамаддин бунёд кунем.

Устодон ва донишҷӯёни ДДМИТ низ дар ин самт бетараф набуда, баҳри тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва пешгирии амалҳои номатлуб тадбирҳои муҳимму зарурӣ меандешанд.

Тағоймурод ЭШЗОДА