ҲАР КӢ ҚАДРИ ЗАН НАДОНАД, ЗИ ХИРАД БЕГОНА АСТ!
Санаи 3 март ба ифтихори Рӯзи модар дар факултети фаъолияти гумрукӣ ва амнияти иқтисодии ДДМИТ ҷамъомади фарҳангиву фароғатӣ баргузор гардид. Чорабинии идонаро бо сухани табрикотӣ декани факултет Мастура Буриева ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки таҷлили Рӯзи модар дар оғози фасли зебои баҳор аз бузургии сиришт ва мақому манзалати занону модарон башорат медиҳад.
Таъкид шуд, ки занони даврони соҳибистиқлолӣ аз ҷумлаи хушбахттарин занон мебошанд, зеро бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҷиҳати фаъолгардонии нақши занон дар ҷомеа қабул гардидаанд. Аз ҷумла, Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030 ва дигар санадҳои муҳим ба хотири баланд бардоштани обрӯ, нуфуз ва манзалати занон ба тасвиб расидаанд.
Дар идома муовини ректор оид ба тарбия Шаҳноза Ғаффорова иброз дошт, ки имрӯз занону бонувон ба самти афзалиятноки сиёсати давлатии кишвар табдил ёфтаанд. Дар ҳақиқат, соҳае нест, ки занон дар он фаъолият надошта бошанд. Бо дастгирии бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» фармон қабул гардид, ки он дар беҳтар гардидани мақому манзалати занон нақши муҳим бозид.
Сардори раёсати илм ва инноватсия Ҷовидон Халифазода низ зимни баромади худ эҳтирому арҷгузорӣ ва қадршиносии модарро вазифаи инсонии ҳар фарди худогоҳ арзёбӣ намуда, таъкид кард, ки маҳз меҳру самимият, ғамхорӣ ва муҳаббати гарми модарон ба зиндагӣ неру ва рӯшноӣ мебахшад.
Ҳамзамон, бахшида ба Рӯзи модар ба як қатор устодону кормандон барои фаъолияти пурсамар дар фазои тантанавӣ туҳфаҳо супорида шуданд.
Дар анҷоми чорабинӣ донишҷӯёни факултет барномаи рангини фарҳангиро иборат аз рақсу суруд, шеърхонӣ ва саҳначаи тарбиявӣ дар мавзуи эҳтироми модар пешкаши ҳозирин намуданд.
Наврӯз ҶОБИРОВ
Тоҷ
Рус
Eng