ЗИНДАГӢ АЗ МОДАР САРЧАШМА МЕГИРАД!
Санаи 8-уми март ҳамчун Рӯзи модар таҷлил мегардад. Ин тадбир бозгӯи он аст, ки дар низоми сиёсати давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон беҳтарин анъана ва суннатҳои фарҳанги қадимаи миллии мо эҳё гардида, мақоми бонувон бар асоси андешаҳои донишмандону соҳибназарон дар ҷойгоҳи хос қарор гирифтааст.
Ба ифтихори ин иди фархунда, рӯзи 4-уми марти соли равон дар факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ чорабинии фарҳангию фароғатӣ таҳти унвони «Зиндагӣ аз модар сарчашма мегирад» доир гардид. Нахуст, декани факултет Фахриддин Убайдов бонувону духтаронро ба муносибати ин ҷашни фараҳбахш табрик гуфта, таъкид намуд, ки зани тоҷик табиатан тарбиятгари тавоно буда, бо хоксорӣ ва меҳрубониаш марҳами дили дардмандон мебошад. Аз ин рӯ, модарону хоҳарони азизи мо рисолати хешро дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ сарбаландона иҷро намуда, сазовори ҳурмату эҳтироми баланди ҷомеа гардидаанд.
Модар барои ҳар як инсон азизтарин ва муқаддастарин мавҷудоти рӯйи олам мебошад. Бузургии модар дар он таҷассум меёбад, ки ӯ чароғи хонадон, идомадиҳандаи насл, тарбиятгари фарзандон ва ҳамзамон нигоҳдорандаи забон, таърих ва фарҳанги миллӣ аст.
Сипас, декани факултети фаъолияти гумрукӣ ва амнияти иқтисодӣ Мастура Буриева баромад намуда, зикр кард, ки имрӯзҳо дар ҷумҳурӣ манзалати зан-модар рӯз то рӯз боло меравад. Модарону хоҳарони азизи мо дар ҳамаи соҳаҳои муҳими хоҷагии халқ фаъолияти назаррас дошта, сазовори эҳтироми ҷомеа гардидаанд. Боиси ифтихор аст, ки дар донишгоҳ низ бонувон ҳамчун омӯзгорону кормандон фаъолияти пурсамар дошта, дар баланд бардоштани савияи дониш ва малакаи ҷавонон саҳми арзанда мегузоранд. Мо аз бонувон ва донишҷӯдухтарони Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ифтихор дорем.
Дар қисмати фарҳангии барнома гулдухтарони факултет дар васфи модар шеърхонӣ намуда, инчунин, бо рақсу суруд барномаи ҷолиби ҳунариеро пешкаши тамошобинон гардониданд.
Тағоймурод ЭШЗОДА
Тоҷ
Рус
Eng