ФАТҲУ КУШОИШ ОРАД ДАСТУ ДУОИ МОДАР!
Тибқи нақшаи раёсати корҳои ташкилию тарбиявии донишгоҳ бахшида ба Рӯзи модар 4-уми марти соли равон дар факултети иқтисоди рақамӣ ва технологияҳои инноватсионӣ чорабинии тарбиявию фарҳангӣ таҳти унвони «Фатҳу кушоиш орад, дасту дуои модар» гузаронида шуд.
Чорабиниро декани факултет София Темурбекова ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба таърихи пайдоиши ин ид ибрози назар карда, зикр намуд, ки бо шарофати Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо ташаббусу дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2009 инҷониб ҳамасола санаи 8-уми март дар кишвар ҳамчун Рӯзи модар таҷлил карда мешавад.
Таҷлили Рӯзи модар бозгӯи он аст, ки дар сиёсати давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон беҳтарин анъанаҳои миллӣ эҳё гардида, мақоми бонувон дар ҷомеа, бар асоси андешаҳои донишмандону соҳибназарон, дар ҷойгоҳи хос қарор дорад. Дар сиёсати имрӯзаи Ҳукумати кишвар мақоми занону бонувон хеле баланд буда, ба онҳо эҳтироми хосса зоҳир мегардад, ки ин аз манзалати волои зан-модар дарак медиҳад.
Сипас, бахшида ба Рӯзи модар аз ҷониби донишҷӯён барномаи фарҳангӣ, аз ҷумла саҳначаҳои тарбиявӣ, рақсу суруд, қироати шеър ва маърузаҳо дар васфи модар пешкаши ҳозирин гардонида шуд.
Дар фарҷоми чорабинӣ аз ҷониби садорати факултет ба як қатор устодон ва донишҷӯдухтарони фаъол туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуданд.
Тағоймурод ЭШЗОДА
Тоҷ
Рус
Eng