МОДАР - САРЧАШМАИ ҲАЁТ
Санаи 4-уми марти соли равон дар толори конфронсии донишгоҳ бо ташаббуси факултети молия ва қарз чорабинии илмӣ-фарҳангӣ таҳти унвони «Модар - сарчашмаи ҳаёт» бо иштироки устодон, донишҷӯён ва меҳмонон доир гашт.
Нахуст, декани факултет Баҳодур Ҷурахонзода ҳозиринро ба муносибати ин рӯзи муборак табрик гуфта, ба онҳо зиндагии осудаву пурсаодат орзу намуд. Ӯ зикр кард, ки занро зинати хонадон, устоди атфол ва муаллими наслҳо мегӯянд. Воқеан ҳам, агар зан дар оила боақлу бофаросат, сариштакору озода бошад, метавонад худ ва атрофиёнашро аз ҳолатҳои ногувори зиндагӣ эмин нигоҳ дорад.
Ҳамзамон, қайд гардид, ки татбиқи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, баррасӣ ва ҳалли мушкилоти мавҷуда, пешгирии зуҳуроти номатлуб ва андешидани тадбирҳо ҷиҳати баланд бардоштани маърифати бонувон ба ислоҳоту таҳаввулоти назаррас мусоидат намудааст.
Дар чорабинӣ муовини ректор оид ба тарбия Шаҳноза Ғафорова ва устоди кафедраи забони русӣ Ҷумъа Махшул низ андешаҳои худро дар боби модар баён карда, таъкид доштанд, ки модар калимаи муқаддас, азизтарин ва гармтарин вожа дар тамоми забонҳо ва фарҳангҳост. Дар фарҳанги тоҷик модар ҳамчун сарчашмаи ҳаёт, чароғи хонадон, пайвандгари наслҳо ва муҳофизи меҳру вафо шинохта мешавад. Зиндагӣ аз нафаси гарму дилнавози модар оғоз ёфта, то охирин нафас номи ӯ дар дилҳо зинда мемонад.
Ҳамаи бузургони олам, ки бо хизматҳои барҷастаи худ дар таърих ном баровардаанд ва инсоният бо корномаи онҳо ифтихор мекунад, аз оғӯши гарму пурмеҳри модар ба дунё омада, дар домони меҳрубони ӯ тарбия ёфтаанд.
Дар анҷоми чорабинӣ донишҷӯдухтарони факултет дар васфи модар шеър ва сурудҳо иҷро намуда, хотири ҳозиринро шод гардониданд.
Тағоймурод ЭШЗОДА
Тоҷ
Рус
Eng