Ба ифтихори Рӯзи модар 4-уми марти соли равон дар донишгоҳ мизи мудаввар таҳти унвони «Меҳри модар» доир гардид, ки дар он муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдуллозода Умеда Бегмурод иштирок ва суханронӣ намуд.

Мизи мудавварро муовини ректор оид ба тарбия Шаҳноза Ғафорова ифтитоҳ намуда, бонувону духтаронро ба муносибати ин ҷашни фархунда табрик гуфт. Номбурда қайд кард, ки зани тоҷик табиатан тарбиятгари тавоно буда, бо хоксорӣ ва меҳрубониаш марҳами дили дардмандон мебошад. Аз ин рӯ, модарону хоҳарони азизи мо рисолати хешро дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ сарбаландона иҷро намуда, сазовори ҳурмату эҳтироми ҷомеа гардидаанд.

Сипас, муовини раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдуллозода Умеда Бегмурод дар баромади худ таъкид намуд, ки агар дар бораи бузургии зан ва мақому манзалати ӯ дар ҷомеа борҳо сухан гӯем ҳам, боз басанда нахоҳад буд. Ба гуфтаи ӯ, дар доираи татбиқи меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади тақвият бахшидан ба мавқеи занон дар ҷомеа ва фаъол гардонидани нақши онҳо як қатор қонуну қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, барномаҳои давлатӣ қабул гардидаанд, ки барои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа равона шудаанд.

Ӯ, ҳамчунин зикр кард, ки яке аз санадҳои муҳими тақдирсоз дар ин самт Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 1999 «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» мебошад. Илова бар ин, таъмини баробарҳуқуқии мардону занон ва кафолати давлатии имкониятҳои баробари онҳо дар қонунҳои соҳавӣ низ мустаҳкам гардидааст.

Дар анҷоми чорабинӣ устоди донишгоҳ Нигина Сироҷова ва донишҷӯ Гулчеҳра Сайдализода дар васфи модар шеърҳо қироат намуда, ба чорабинӣ ҳусни тоза бахшиданд.

Бояд гуфт, ки ин мизи мудаввар ифодакунандаи меҳру муҳаббат, арҷгузорӣ ва таваҷҷуҳи беандоза ба бузургӣ ва манзалати зан-модар буд.

Тағоймурод ЭШЗОДА