Санаи 4-уми феврал дар назди кафедраи ҳуқуқи иқтисодӣ ва молиявии факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон маҳфили илмии донишҷӯён таҳти унвони «Ҳуқуқдони замони муосир» дар мавзуи «Қонунгузорӣ ва ҳуқуқи занон дар ҷомеаи муосир» баргузор гардид.

Муовини декан оид ба илм Орифҷон Фозилзода иброз дошт, ки баланд бардоштани мақому манзалати зан дар ҷомеа яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ба шумор меравад. Дар ин самт, ташаббус ва дастгирии пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши муҳим дорад.

Тавре зикр гардид, маҳз бо ибтикори Роҳбари давлат заминаҳои ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ ва маънавӣ барои иштироки фаъолонаи занон дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар фароҳам оварда шудаанд. Дар анҷоми суханронии худ Орифҷон Фозилзода тамоми бонувон ва модарони Ватани азизро ба муносибати Рӯзи модар самимона шодбош гуфт.

Сипас, устоди кафедраи ҳуқуқи иқтисодӣ ва молиявӣ Савриддин Ятимов таъкид кард, ки дӯст доштан, эҳтиром гузоштан ва қадр кардани меҳру муҳаббати модар қарзи инсонии ҳар як фарзанди бедордил ва бонангу номус мебошад. Ба гуфтаи ӯ, модар неъмати бебаҳои зиндагӣ, сарчашмаи меҳру муҳаббати беканор ва азизтарин шахс барои ҳар инсон аст.

Дар идома устоди кафедра Нигораи Саймуъмин иброз дошт, ки имрӯз занону бонувони тоҷик дар ҳамаи соҳаҳои фаъолияти ҷомеа саҳми назаррас доранд. Онҳо ҳамчун аъзои Ҳукумат, вакилони Парлумон, кормандони мақомоти судӣ ва ҳифзи ҳуқуқ, инчунин, ҳамчун омӯзгор, табиб, муҳандис, варзишгар, олиму ихтироъкор, ҳунарманду соҳибкор фаъолият карда, дар рушди ҷомеа нақши муҳим мебозанд.

Дар фарҷоми маҳфил устоди кафедра Сулаймон Дӯстов тамоми бонувони Тоҷикистони азиз ва донишҷӯдухтаронро ба муносибати иди модарон табрик гуфта, бо қироати як шеъри пурмазмун дар васфи модар ба чорабинӣ ҳусни анҷом бахшид:

Дар кӯдакӣ ба модари худ хостам барам,

Як ҳадя, вале ҷайби ман он лаҳза зар надошт…

Ҳамчунин, дар ҷараёни маҳфил донишҷӯён бо маърузаҳои илмии худ иштирок намуданд. Аз ҷумла, донишҷӯи курси 1, ихтисоси 1-24010302 Дилноза Ваҳҳобзода дар мавзуи «Модар фаришта аст», донишҷӯи курси 4, ихтисоси 1-24010300 Мустафо Сатторзода дар мавзуи «Зан - модар ҳамчун пояи маърифат дар сиёсати Пешвои миллат» ва донишҷӯи курси 4, ихтисоси 1-24010300 Исмоили Илҳом дар мавзуи «Модар - офтоби меҳр ва гавҳари ҳаёт» баромад намуданд.

Шуъбаи иттилоот ва нашрия