Бахшида ба бузургдошти Рӯзи модар аз ҷониби раёсати корҳои ташкилию тарбиявии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон аксияи таблиғотӣ доир гардид.

Дар ҷараёни ин иқдом, намояндагони раёсат ба кормандзанони донишгоҳ брошюраҳои иттилоотӣ ва шириниҳо тақдим намуда, онҳоро ба муносибати ин ҷашни фархунда самимона табрик гуфтанд. Ҳадафи баргузории чунин аксияҳо арҷгузорӣ ба мақому манзалати зан-модар, қадрдонии меҳнату саҳми бонувон дар рушди соҳаи маориф ва таҳкими эҳсоси эҳтирому муҳаббат нисбат ба онҳо мебошад.

Зимни ин чорабинӣ таъкид гардид, ки дар ҷомеаи Тоҷикистон мақоми зан-модар ҳамеша баланд буда, давлату Ҳукумат барои баланд бардоштани нақши бонувон дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар пайваста тадбирҳои муҳим меандешанд.

Кормандзанони донишгоҳ аз чунин таваҷҷуҳу қадрдонӣ изҳори сипос намуда, баргузории ин иқдомро нишонаи эҳтиром ва қадршиносӣ нисбат ба бонувон арзёбӣ карданд.

Шуъбаи иттилоот ва нашрия