Тибқи нақшаи кории раёсати корҳои ташкилию тарбиявии донишгоҳ, санаи 5-уми марти соли равон дар факултети ҳисобдорӣ ва омор ҳамоиш бо донишҷӯдухтарон баргузор гардид. Дар ҷараёни ҳамоиш мавзуъҳои муҳими рӯз, аз ҷумла баррасии нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ, «Либосҳои миллӣ - таҷассумгари фарҳанги миллӣ», «Терроризм ва хатари он ба ҷомеа» ва «Пешгирии амалҳои коррупсионӣ» мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Декани факултет Ёрибек Тилабов оид ба мавзуъҳои баррасишаванда андешаҳои худро баён намуда, нахуст донишҷӯдухтаронро ба муносибати Рӯзи модар табрик гуфт. Сипас, ӯ муҳим ва мубрам будани масъалаҳои зикршударо шарҳ дода, аҳамияти онҳоро дар баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии ҷавонон таъкид намуд.

Баъдан, мутахассиси шуъбаи кор бо занон ва духтарони донишгоҳ Маҳбуба Ғаффорова дар ҳамоиш баромад карда, перомуни масъалаҳои либоспӯшии миллӣ, хатари терроризм, пешгирии амалҳои коррупсионӣ, инчунин, масъалаҳои ахлоқ ва фаъолнокии донишҷӯдухтарон андешаронӣ намуд. Ӯ таъкид кард, ки фаъол гардидани ҷавондухтарон дар чорабиниҳои донишгоҳӣ яке аз масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи доимӣ мебошад.

Баромадкунанда, ҳамчунин, ба масъалаи ташаккули маърифати фарҳангиву ахлоқии донишҷӯдухтарон таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, қайд кард, ки зарур аст муқаррароти Дастурамали қоидаҳои либоспӯшӣ барои муассисаҳои таҳсилоти миёна, олӣ ва олии касбӣ пурра ва масъулона риоя карда шаванд.

Бояд гуфт, ки баргузории чунин ҳамоишҳои тарбиявӣ барои донишҷӯён бисёр муфид буда, дар таҳкими маърифати ҳуқуқию сиёсӣ, эҳсоси баланди ватандӯстӣ, меҳнатдӯстӣ ва худшиносӣ, инчунин, пешгирии фарҳанги бегонапарастӣ мусоидат менамояд.

Тағоймурод ЭШЗОДА