БЕ МЕҲРИ Ӯ НЕСТ ҶОНРО РАВИШ
Санаи 5 март ба ифтихори Рӯзи модар дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҷамъомади тарбиявию фарҳангӣ таҳти унвони «Модар - поягузори маърифат, фарҳанг ва тамаддуни миллӣ» доир гардид.
Ҷамъомадро ректори донишгоҳ Сатторзода Бобоҷон Абдуҷаббор бо сухани табрикотӣ ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки таҷлили Рӯзи модар на танҳо як санаи идона, балки рамзи эътирофи ҷойгоҳи баланду муқаддаси зан дар ҷомеа ва нишонаи сипосгузорӣ аз заҳмату фидокориҳои ӯ мебошад.
Ба андешаи мавсуф, дар фарҳанги миллӣ ва таърихи тамаддуни тоҷик мақоми зан-модар ҳамеша баланд арзёбӣ гардидааст. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ гиромидошти зан-модар ва фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти онҳоро яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат қарор дода, таъкид намудаанд: «Модар муқаддастарин мавҷудоти рӯи замин буда, меҳру муҳаббат ва дуои неки ӯ барои ҳар инсон роҳнамои зиндагист».
Зикр гардид, ки имрӯз дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон бонувони донишманду масъулиятшинос дар рушду такомули илм ва омода намудани мутахассисони баландихтисоси соҳаи молия ва иқтисод саҳми назаррас мегузоранд. Занону модарони арҷманд бо заҳмати содиқона, ҷаҳонбинии фарох ва масъулияти баланд фазои илмӣ, тарбиявӣ ва маънавии донишгоҳро ғанӣ мегардонанд. Ҳузури фаъолонаи онҳо дар раванди таълим ва тадқиқот нишонаи эътимоди ҷомеа ба неруи зеҳнӣ ва иқтидори созандаи бонувон мебошад.
Аз ин рӯ, таъкид гардид, ки эҳтиром ба модар набояд танҳо ба як рӯз маҳдуд шавад. Қадршиносӣ, ғамхорӣ ва арҷгузорӣ ба модар бояд фарҳанги ҳамешагии зиндагии мо бошад, зеро эҳтиром ба модар эҳтиром ба инсон, ба оила ва ба ояндаи миллат аст.
Дар идома муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Одиназода Чаманоро Рустам ҳозиринро аз номи раиси кумита Бунафша Файзиддинзода табрик намуда, иброз дошт, ки модар офарандаи ҳаёт, пайвандгари наслҳо ва сарчашмаи меҳру муҳаббат мебошад. Маҳз ба ҳамин хотир, мардуми тоҷик ба ин фариштаҳои беҳамто арҷ мегузоранд.
Қайд гардид, ки мактаби бузурги модар аз муҳаббат, тарбия, дӯстиву ҳамбастагӣ оғоз меёбад ва барои фарзанд аз он беҳтар мактаб вуҷуд надорад. Бо назардошти мақому манзалати зан-модар, бо талошҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2009 инҷониб Рӯзи байналмилалии занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон расман ҳамчун Рӯзи модар таҷлил мегардад.
Ҳамчунин, зикр карда шуд, ки бо мақсади баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ва таъмини иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва идораи давлат, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» аз 3 декабри соли 1999 ба имзо расидааст.
Дар фарҷоми чорабинӣ бахшида ба Рӯзи модар як қатор устодону кормандони фаъол, аз ҷумла Шаҳноза Ғаффорова, Таҳмина Умаралиева, Каринэ Якубова, Нигина Мамадризоева, Ситора Қаюмова, Нигина Қарахонова, Гулрух Исломова, Заррина Ҷӯраева, Хайринисо Тешаева ва Раҷабгул Гулова барои фаъолияти пурсамар ва меҳнати софдилона бо Ифтихорномаи донишгоҳ қадрдонӣ гардиданд.
Инчунин, ба дотсенти кафедраи фанҳои гуманитарӣ Фирӯза Абдулвоҳидова нишони «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ба кормандони раёсати хоҷагию маъмурӣ Сокина Наврӯзова ва Гулбаҳор Миралиева Сипосномаи Кумитаи иттифоқҳои касабаи кормандони илм ва маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.
Дар анҷоми чорабинӣ аз ҷониби дастаи ҳунарии «Ҷавонӣ» барномаи рангини консертӣ иборат аз рақсу суруд, мусиқӣ, шеърхонӣ ва саҳначаҳои ҳаҷвию тарбиявӣ дар васфи модар пешниҳод гардид.
Наврӯз ҶОБИРОВ
Тоҷ
Рус
Eng