Зимни баргузории чорабинии идонаи факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодии донишгоҳ декани ин факултет Наврӯз Умарзода иброз дошт, ки зан-модар шахси муқаддас аст, вақте симои модар пеши назар меояд, аз тамоми ҳастии ӯ нур меборад ва ҳамин нур роҳи ояндаи ҳаёти моро равшан месозад.

Наврӯз Умарзода таъкид намуд, ки меҳри беҳамтои модар ба мисли хуршед аст, ки ба тамоми олам саховатмандона нур мепошад. Ишқи поки модар монанди чашмаи пурҷӯшест, ки дашту биёбонро гулистон мекунад.

Дар идома ривояте ёдовар гардид, ки гӯё Худованд накҳат аз гул, нӯш аз ангубин, гармӣ аз офтоб, тароват аз борон, шукӯҳ аз осмон, равшанӣ аз субҳ ва зебоӣ аз баҳорро қатра-қатра ҷамъ оварда, занро офаридааст, то ҷаҳонро равшан ва инсониятро хушбахт гардонад.

Қайд карда шуд, ки 8-уми март дар Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи модар таҷлил мегардад. Ин ҷашн рамзи эҳтиром ва арҷгузорӣ ба занону модарон буда, нишон медиҳад, ки дар сиёсати давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон мақоми бонувон баланд буда, анъанаҳои неки миллӣ гиромӣ дошта мешаванд.

Ҳамчунин, сардори раёсати корҳои ташкилию тарбиявӣ Сиёвуш Ҳабибов баромад намуда, тамоми бонувони донишгоҳро ба муносибати Рӯзи модар табрик гуфта, барояшон тандурустӣ, умри дарози пурбаракат, хушбахтӣ ва хонаободиро орзу намуд.

Дар чорабинӣ устоди кафедраи ҳуқуқи иқтисодӣ ва молиявӣ Савриддин Ятимов низ бо маърузаи пурмуҳтаво баромад карда, оид ба мақоми зан-модар дар ҷомеа ва нақши ӯ дар тарбияи насли оянда суханронӣ намуд.

Дар фарҷоми чорабинӣ донишҷӯён барномаи ҷолиби фарҳангӣ пешниҳод намуда, бо шеърхонӣ, рақсу суруд ва саҳначаҳои тарбиявӣ хотири ҳозиринро шод гардониданд.

Шуъбаи иттилоот ва нашрия