Тибқи нақшаи раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ санаи 6-уми марти соли равон бахшида ба Иди модарон маҳфили илмии донишҷӯёни назди кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва муқовимат бо коррупсия таҳти унвони «Қонундон» дар мавзӯи «Баробарии гендерӣ - заминаи рушди ҷомеа” доир гардид.

Сарравал, ассистенти кафедари ҳуқуқи маъмурӣ ва муқовимат бо коррупсия Хисрав Абдураззоқов қайд намуд, ки имрӯз дар саросари ҷаҳон барои таъмин намудани баробарии гендерӣ тадбирҳои зиёде андешида мешаванд. Ташкилотҳои байналмилалӣ ва давлатҳо барои баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа, дастгирии таҳсил, рушди касбӣ ва ҳифзи ҳуқуқҳои онҳо барномаҳои гуногунро амалӣ менамоянд. Дар ҷомеаи мо низ нақши зан рӯз то рӯз боло меравад. Занони тоҷик имрӯз на танҳо ҳамчун модар ва тарбиятгар, балки ҳамчун олим, омӯзгор, табиб, муҳандис ва роҳбар фаъолият намуда, дар пешрафти кишвар саҳми арзанда мегузоранд.

Сипас, иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва муқовимат бо коррупсия Субҳоналӣ Мирзоев баромад намуда, иброз дошт, ки баробарии гендерӣ консепсияест, ки дастрасии баробари занон ва мардонро ба ҳуқуқҳо, имкониятҳо ва захираҳои ҷамъиятиро сарфи назар аз ҷинси онҳо пешбинӣ мекунад. Мувофиқи моддаи 17-и Конститусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон “Ҳама дар назди қонун ва суд баробаранд. Давлат ба ҳар кас қатъи назар аз миллат, нажот, ҷинс, забон, эътиқоди диннӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк ҳуқуқу озодиҳоро кафолат медиҳад. Мардон ва занон баробарҳуқуқанд”.

Баъдан, донишҷӯёни курси 1-уми ихтисоси таъмини ҳуқуқи фаъолияти гумрукии (1-96010101) факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодӣ Ҳокима Ҳакимзода дар мавзуи “Масъулияти ҳуқуқӣ барои поймол намудани ҳуқуқи занон” ва Абдураҳим Қандиев дар мавзуи “Сиёсати давлатии занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо истифода аз слайтҳо баромадҳои ҷолиб намуданд.

Гуфта шуд, ки дар замони соҳибистиқлолӣ беш аз 60 санади меъёрии ҳуқуқӣ қабул карда шуд, ки амалисозии онҳо боиси бамаротиб беҳтар шудани вазъи иҷтимоии занону духтарон гардид. Бинобар ин, фароҳам овардани замина ва шароити зарурӣ барои инкишоф ва истифодаи ҳарчи бештари қобилияти занону бонувон дар ҳамаи соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва бо ҳамин роҳ, таъмин намудани рушди устувори ҷомеа ҳадафи асосии давлату Ҳукумати кишвар мебошад.

Дар бахши пурсишу посух донишҷӯён ва устодони кафедра ширкати фаъолона доштанд.

Тағоймурод ЭШЗОДА