САД ҶОНИ ШИРИН БАРОИ ЯК ОЧА КАМ АСТ!
4-уми марти соли равон дар факултети иқтисод ва идоракунии давлатии ДДМИТ бахшида ба Рӯзи модар чорабинии фарҳангӣ-фароғати таҳти унвони “Модар фариштаи зиндагист” баргузор гардид.
Декани факултет Қаландар Сафаров дар бораи қадру манзалати модар ва нақши ӯ дар ҷомеа сухан гуфт. Номбурда афзуд, ки дар замони истиқлолият мақоми занон дар ҷомеа баланд гардидааст.
Дар идома муовини ректор оид ба тарбия Шаҳноза Ғаффорова иброз дошт, ки мақому манзалати занону бонувон маҳз дар замони соҳибистиқлолӣ боло рафт ва давлату Ҳукумати кишвар ба азму ирода ва масъулиятшиносии занону бонувони тоҷик ҳамчун неруи бузурги ҷомеа эътимоди комил дорад ва нисбати занону бонувон дастгириҳои ҳамешагӣ зоҳир менамоянд.
Дар охир донишҷӯён барномаи фарҳангӣ бо суруд, рақс ва шеърҳо иҷро карданд ва донишҷӯдухтарони фаъол бо Сипоснома сарфароз гардиданд.
Тағоймурод ЭШЗОДА
Тоҷ
Рус
Eng