ҶАЛАСА БО ДОНИШҶӮДУХТАРОН
Тибқи нақшаи кории раёсати корҳои ташкилию тарбиявии донишгоҳ санаи 5-уми марти соли равон дар факултети фаъолияти гумрукӣ ва амнияти иқтисоди донишгоҳ ҳамоише бо донишҷӯдухтарон доир гардид, ки дар он мавзуъҳои муҳим, аз ҷумла нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, либосҳои миллӣ, хатари терроризм ва пешгирии коррупсия баррасӣ гардиданд.
Декани факултет Мастура Буриева ва мутахассиси шуъбаи кор бо занон Маҳбуба Ғаффорова дар бораи баланд бардоштани маърифати фарҳангӣ, нақши занон дар ҷомеа ва фаъолиятнокии донишҷӯдухтарон сухан гуфтанд.
Чорабинии мазкур ба баланд бардоштани эҳтиром ба зан-модар, рушди фарҳанг ва тарбияи ватандӯстии ҷавонон мусоидат намуда, дар он нақши занон дар ҷомеаи муосири Тоҷикистон таъкид гардид.
Тағоймурод ЭШЗОДА
Тоҷ
Рус
Eng