Дар оғози фасли баҳор мардуми Тоҷикистон ҳамасола Рӯзи Модар-ро бо шукӯҳу шаҳомат ҷашн мегиранд. Ба ин муносибат дар факултетҳои гуногуни донишгоҳ як қатор чорабиниҳои фарҳангӣ ва маърифатӣ баргузор гардиданд. Аз ҷумла, дар факултети ҳисобдорӣ ва омор 6 март чорабинии фарҳангӣ таҳти унвони «Зан-модар сарчашмаи ҳаёт!» баргузор шуд.

Чорабинӣ бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардида, чун рамзи эҳтиром акси Пешвои миллат ба саҳна ворид гардида, суханҳои ҳикматомези Роҳбари давлат садо дод.

Декани факултет Ёрибек Тилабов иштирокчиёнро табрик намуда, нақши муҳими зан-модарро дар таҳкими оила ва ҷомеа таъкид кард: “Мо дар симои оила зебоӣ, меҳру муҳаббат, ҳаёти ширин, хандаи тифлон ва ояндаи дурахшонро мебинем, зеро сарсабзӣ ва ободии рӯзгори мо ба занон сахт алоқамандӣ дорад”.

Муовини ректор Шаҳноза Ғаффорова гуфт, ки модар азизтарин шахс буда, инсон аз лаҳзаҳои аввалини ҳаёт меҳру муҳаббати ӯро эҳсос мекунад.

Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Гулбибӣ Абдулхайрова низ ба чорабинӣ ҳусни тоза бахшида, дар васфи модар суханронӣ кард.

Дар охир барномаи фарҳангӣ бо суруд, рақс ва шеърҳои донишҷӯён баргузор шуда, чанд нафар донишҷӯдухтарон бо Ифтихорнома қадрдонӣ шуданд.

Тағоймурод ЭШЗОДА