ДОНИШҶӮЁН АЗ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ ДИДАН НАМУДАНД
Дар асоси нақшаи чорабиниҳои раёсати ташкилию тарбиявии ДДМИТ санаи 11-уми марти соли равон донишҷӯёни курси 1-уми ихтисоси 1-24010302 - танзими ҳуқуқии молия ва қарзи факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодии ДДМИТ бо ҳамроҳии куратори гурӯҳ Савриддин Ятимов аз Осорхонаи миллӣ дидан карданд.
Бояд қайд кард, ки Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ҷойгир буда, яке аз бузургтарин марказҳои фарҳангӣ ва илмии кишвар мебошад. Осорхона соли 2013 дар бинои нави муосир ифтитоҳ шуда, дар он зиёда аз 50 толор фаъол буда, дар онҳо таърихи қадим, асрҳои миёна, этнография, табиат ва санъати тоҷик намоиш дода мешавад. Осорхона дар ҳифз ва муаррифии мероси миллӣ нақши муҳим дорад.
Осорхонаи миллӣ аҳамияти фарҳангӣ ва илмӣ дошта, он барои донишҷӯён ва муҳаққиқон имкони омӯзиши ҳамаҷонибаро фароҳам меоварад.
Шуъбаи иттилоот ва нашрия
Тоҷ
Рус
Eng