Дар асоси нақшаи чорабиниҳои раёсати ташкилию тарбиявии ДДМИТ бо роҳбарии омӯзгори кафедраи фаъолияти гумрукӣ Насаб Мамадбекова, донишҷӯёни курси 4-уми ихтисоси 1-960101 аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуданд.

Дар ҷараёни тамошо донишҷӯён бо таърихи ғании халқи тоҷик, мероси фарҳангӣ ва арзишҳои миллӣ аз наздик шинос гардиданд. Инчунин, ба онҳо оид ба экспонатҳои таърихӣ ва аҳамияти онҳо дар омӯзиши таърихи миллат маълумоти муфассал пешниҳод гардид.

Ҳадафи чунин сафарҳои омӯзишӣ баланд бардоштани сатҳи маърифати таърихӣ, ҳисси ватандӯстӣ ва ҷаҳонбинии донишҷӯён мебошад.

Шуъбаи иттилоот ва нашрия