Имрӯзҳо ҷанбаи гендерӣ дар сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми муҳимро соҳиб гардидааст. Ин раванд дорои як қатор афзалиятҳо мебошад, аз ҷумла таъмини баробарҳуқуқии мардону занон, эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои занон, фароҳам овардани шароити мусоид барои бартараф намудани тафовути иқтисодӣ, таҳким бахшидани захираҳои меҳнатӣ, таъмини риояи принсипҳои демократӣ ва ташаккули тафаккури озоди ҷамъиятӣ нисбат ба мавқеи занону мардон дар ҷомеа ва оила.

Вобаста ба ин, 11-уми марти соли равон коршиноси Бонки ҷаҳонӣ Зарина Самадова ба факултети фаъолияти гумрукӣ ва амнияти иқтисодии донишгоҳ ташриф оварда, аз фаъолияти озмоишгоҳи гумрукии факултет аз наздик шинос гардид.

Сипас, бо донишҷӯёни курси чоруми ихтисосҳои марбутаи факултет дар мавзуъҳои вобаста ба хадамоти гумрук, молия ва назорат дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ суҳбати озоду самимӣ анҷом дод.

Ин вохӯрии судманд дар доираи татбиқи лоиҳаи «Татбиқи сиёсати гендерӣ дар соҳаи гумрук: афзалиятҳо ва мушкилоти мавҷуда» доир гардид. Дар ҷараёни чорабинӣ коршинос аз бартариятҳо ва мушкилоти мавҷудаи соҳа сухан гуфта, ҳамчунин, ба донишҷӯён оид ба касби интихобкардаашон маслиҳатҳои муфид пешниҳод намуд.

Дар анҷоми вохӯрӣ миёни коршинос, устодон ва донишҷӯён мубодилаи афкор сурат гирифта, ба саволҳои иштирокчиён посухҳои мушаххас дода шуданд.

Шуъбаи иттилоот ва нашрия