Мизи мудавваре, ки рӯзи 10 марти соли равон ба муносибати таҷлили сазовори 30-солагии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар ҳошияи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Нақши матбуот дар ташаккули ҳувияти миллӣ” бо иштироки раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зиннатуллоҳи Исмоил ва устодони факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Бахтиёр Ҳошимзода ва Сангин Гулов доир гардид, ба Рӯзи матбуоти тоҷик бахшида шуд.

Сараввал ректори ДДМИТ Сатторзода Бобоҷон Абдуҷаббор ташрифи меҳмононро ба муассисаи таълимӣ хайрамақдам гуфта, дар мавриди нақши матбуоти даврӣ дар рушди фазои иттилоотӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ, суботу оромии ҷомеа ва ташаккули афкори солими шаҳрвандон суҳбат орост. Зикр гардид, ки матбуоти даврӣ яке аз муҳимтарин пояҳои ташаккули афкори ҷамъиятӣ ва омили муҳими рушди фарҳангиву маънавии ҷомеа ба шумор меравад. Дар давраи истиқлоли давлатӣ рушди воситаҳои ахбори омма, бахусус матбуоти даврӣ бо сиёсати давлатӣ ва дастгирии роҳбарияти кишвар робитаи зич дорад. Дар ин раванд, нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун ташаббускор ва ҳомии рушди матбуоти миллӣ назаррас арзёбӣ мегардад.

Бобоҷон Сатторзода дар идома афзуд, ки дар тӯли зиёда аз як аср матбуоти тоҷик дар ҳамаи давраҳои таърихӣ - аз муборизаҳои маърифатпарварӣ то солҳои бунёди давлатдории навин нақши муҳим бозидааст. Қаламкашони ватандӯст бо сухани ростин ва андешаи созанда дар ташаккули афкори ҷамъиятӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва таҳкими ваҳдати ҷомеа саҳми арзанда гузоштаанд.

Ҳоло дар замони рушди босуръати технологияҳои иттилоотӣ ва фазои рақамӣ, масъулияти рӯзноманигорон боз ҳам бештар гардидааст. Ҷомеа ба матбуоти касбӣ, таҳлилӣ ва боэътимод ниёз дорад. Вазифаи асосии аҳли матбуот аз он иборат аст, ки воқеиятро бо садоқат ба ҳақиқат инъикос намуда, ба таҳкими суботи ҷомеа, рушди маънавӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифати шаҳрвандон мусоидат намоянд.

Имрӯз матбуот танҳо воситаи интиқоли хабар набуда, он мактаби афкор, минбари адолат ва ойинаи ҷомеа мебошад. Ҳар калимаи нашршуда метавонад андешае биофарад, рӯҳияеро боло барад ва ё ҷомеаро ба андешаи амиқ водор созад. Аз ин рӯ, рисолати рӯзноманигор ҳамеша бо масъулияти бузурги ахлоқӣ ва шаҳрвандӣ ҳамроҳ аст.

Боиси ифтихор аст, ки имрӯз дар кишвар фазои мусоиди рушди воситаҳои ахбори омма фароҳам омадааст. Даҳҳо рӯзномаву маҷаллаҳо, шабакаҳои телевизионӣ ва сомонаҳои иттилоотӣ фаъолият намуда, дар инъикоси дастовардҳои ҷомеа, тарғиби фарҳанг ва таҳкими худшиносии миллӣ саҳми назаррас мегузоранд.

Раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зиннатуллоҳи Исмоил низ дар мавриди сиёсати давлат дар самти дастгирии васоити ахбори омма ва аҳли қалам андеша ронда, дар ин росто, зикр намуд, ки дар давраи истиқлолият ҷиҳати рушди матбуоти даврӣ як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардиданд, ки фаъолияти воситаҳои ахбори оммаро танзим ва ҳимоя мекунанд. Дар ин раванд, сиёсати давлатии дастгирии воситаҳои ахбори омма ва таваҷҷуҳи роҳбарияти кишвар нақши муҳим бозидааст.

Қонунҳои марбут ба воситаҳои ахбори омма, дастрасӣ ба иттилоот ва фаъолияти нашрияҳо ба ташаккули фазои ҳуқуқии фаъолияти журналистӣ мусоидат намуданд. Ин иқдомҳо барои таҳкими озодии сухан, рушди рақобати солими иттилоотӣ ва баланд бардоштани сатҳи касбияти журналистон шароити мусоид фароҳам оварданд.

Қадрдонии фаъолияти рӯзноманигорон, сарфароз гардонидани онҳо бо мукофотҳои давлатӣ ва фароҳам овардани шароити беҳтари фаъолияти эҷодӣ аз ҷумлаи тадбирҳое мебошанд, ки ба рушди матбуоти миллӣ мусоидат мекунанд.

Дар баромадҳо ва паёмҳои худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти кишвар пайваста аҳли матбуотро ба масъулияти баланди касбӣ, таҳлили амиқи воқеият ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ даъват менамоянд.

Ҳамин тавр, нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими пояҳои ҳуқуқӣ, дастгирии иҷтимоии аҳли қалам ва рушди фазои иттилоотии кишвар ба ташаккули матбуоти фаъол, масъул ва созанда мусоидат кардааст. Матбуоти даврӣ имрӯз ҳамчун ойинаи ҷомеа ва минбари афкори ҷамъиятӣ дар роҳи таҳкими давлатдории миллӣ ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ саҳми арзанда мегузорад.

Устодони факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Бахтиёр Ҳошимзода ва Сангин Гулов низ зимни баромадҳояшон аз нақши мондагори матбуот дар тарбияи ахлоқии ҷомеа суҳбат ороста, афзуданд, ки матбуот сарчашмаи худогоҳию бомаърифатӣ ва муаррифгари миллатҳо буда, дар пешрафти ҷомеа нақши муҳим мебозад. Маҳз тавассути фаъолияти босамари аҳли қалам ва инъикоси воқеъбинонаи онҳо сабаби болоравии худшиносӣ, ҷаҳонбинии васеъ, ислоҳи камбудиҳои ҷомеа ва рушди давлатдорию пешравии кишварҳо мегардад.

Дар идома таъкид карда шуд, ки шакли классикии нашр (қоғаз) дар замони тараққиёти технологияи навин авлавияти худро ҳеҷ гоҳ гум намекунад, зеро он чизе, ки дар саҳифаҳои матбуот имрӯзу дирӯз вуҷуд дошт, фардо низ боқӣ мемонад.

“Интернет ҳамчун дастоварди охири инсоният ҳеҷ гоҳ инкор намешавад, вале вазифаи матбуоти ҳирфаӣ аст, ки ҳамеша каломи намунаву ибратбахшу судмандро пешниҳоди ҷомеа намояд. Зеро рисолати бузурги матбуот, ки хосияти маънавӣ доштани он аст, ҳамеша барои аҳли башар мондагор мебошад. Ахбори сарозери муътамаду номуътамади интернетӣ рӯзе ин ҷомеаро хаста менамояд ва ҳатман ҷомеаи башарӣ барои пешрафту таҳаввулоти маънавӣ ба матолиби матбуот такя менамояд”, - зикр намуд декани факултети журналистикаи ДМТ Бахтиёр Ҳошимзода.

Дар идомаи мизи мудаввар устод Сангин Гулов низ иброз дошт, ки албатта, бисёриҳо бар он андешаанд, ки интернет ҷойи матбуоти чопиро мегирад, аммо ман ба ин андешаҳо чандон мувофиқ нестам, зеро таърих исбот намуда, ки матбуот аз байн намеравад ва то ба имрӯз сухани чопӣ қадри худро гум накардааст. Садсолаҳост, ки сухани чопӣ қадру манзалат дошту дорад, садсолаҳои минбаъда низ матбуоти тоҷик боқӣ мемонад. 

Ёрдамчии ректори ДДМИТ Абдулло Давлатзода дар муҳокима иброз дошт, ки ҳувият заминаи асосии худшиносии миллӣ аст. Дар ин маврид миллати тоҷик аз рӯйи сиришти хунӣ ташаккур ёфта, имрӯз Тоҷикистони мову шуморо таъсис доданд. Мо низ дар баробари дигар давлатҳои овози худро дорем, ки бо ифтихор мегӯем: “Мо тоҷикем ва бо Ватани ягонаамон Тоҷикистон мефахрем”. Тоҷикон дар тули таърих ҷабреро ба сар диданд, ки ҳеҷ миллати дигар надидааст, вале ягона воситае, ки аз ҳама ҷабҳаҳои таърихӣ миллатро наҷот дод, мисли реша сабзонид, ин сухану каломи миллат буд. “Сенздаҳ раҳ сад ҳазор”-и устод Рӯдакӣ ин забони миллатро ба арсаи сиёсату давлатдорӣ баровардан буд. Маснавии маънавии Мавлавӣ китоби рӯйимизӣ ва асоси бунёди фалсафаи мардуми Аврупо аст, ки аз ҷаҳони андешаи бузургони Шарқ ибтидо мегирад. Аввалин матбуоти тоҷик “Бухорои шариф” низ маҳз дар замони бисёр ғуруб арзи ҳастӣ кард, вале модари сухан, модари калом ва модари андешаи созанда ва модари матбуоти тоҷик буд.

Ба андешаи мавсуф, матбуот зинаҳои гуногунро ташаккул додааст. Андешаҳои мухталифи ҳувиятсозу демократикунонии ҷомеа ва истиқлолиятхоҳӣ, ки забони тоҷикиро мақоми давлатӣ дод, аз тариқи матбуот садо доданд.

Сипас, Саъдулло Носиров, собиқ мудири шуъбаи табъу нашри ДДМИТ ба музокира баромада, аз таърихи таъсисёбӣ ва шаклгирии нашрияи “Молия ва иқтисод” ёдовар гардид. Номбурда таъкид намуд, ки дар оғоз мушкилот чӣ дар таъминоти кадрӣ, чӣ дар муҳтавову бандубасти рӯзнома ва теъдоди нашри он зиёд буданд, вале чун имрӯз рӯзномаи “Молия ва иқтисод”-ро пурмазмуну пероста ва серхонанда мебинам, шод мегардам. Чанде қабл шуъбаи иттилоот ва нашрия бо мақсади татбиқи банди дахлдори Нақшаи чорабиниҳои Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба иҷрои Нақшаи миллии муқовимат ба савдои одамон барои солҳои 2025-2027 дар мавзуи “Одамрабоӣ ва савдои одамон: пешгирӣ ва муқовимат ба он” озмуни мақолаи беҳтарин илмӣ-оммавиро эълон намуда буд. Озмуни мазкур дар арафаи Рӯзи матбуоти тоҷик ҷамъбаст гардида, ғолибон аз ҷониби ректори ДДМИТ Бобоҷон Сатторзода бо Ифтихорномаҳо қадрдонӣ гардиданд. Дар натиҷа, Ҷамрод Бобозода - мудири кафедраи ҳуқуқи иқтисодӣ ва молиявӣ сазовори ҷойи якум, Мастура Буриева - декани факултети фаъолияти гумрукӣ ва амнияти иқтисодӣ соҳиби ҷойи дуюм ва ҷойҳои сеюм ба Гулпарӣ Ҳусейнова - мудири кафедраи забонҳои хориҷӣ ва Гулрухсор Баротова - ассистенти кафедраи ҳуқуқи молиявӣ ва зиддикоррупсионии ДДМИТ лоиқ дониста шуд.

Инчунин, миёни донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи Конститутсия, Рӯзи Парчами давлатӣ ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни илмиву эҷодии дохилидонишгоҳӣ зери унвони “Тоҷикистон - кишвари истиқлол ва шукуфоӣ” гузаронида шуд.

Дар ин маросим ғолибон муайян гардида, бо Ифтихорномаҳо қадршиносӣ шуданд. Ҳамин тавр, Нилгуна Абдулҳақова, донишҷӯи курси сеюми факултети ҳисобдорӣ ва омор сазовори ҷойи якум, Мустафо Сатторзода, донишҷӯи курси 4-уми ихтисоси ҳуқуқи иқтисодӣ соҳиби ҷойи дуюм ва ҷойҳои сеюм ба Шаҳноза Ҳукматова, донишҷӯйи курси 2-юми ихтисоси аудит ва ревизия ва Муҳаммадҷон Боев, донишҷӯи курси 3-юми ихтисоси таъмини иқтисодии фаъолияти гумрукии факулети фаъолияти гумрукӣ ва амнияти иқтисодӣ муносиб дониста шуданд.

Инчунин, аз ҷониби Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба кормандони шуъбаи иттилоот ва нашрияи ДДМИТ Маҳмадалӣ Мақсадулло, Наврӯз Ҷобиров, Ҳусейн Носирзода ва Тағоймурод Эшзода барои фаъолияти пурсамари эҷодӣ, тарғиби дастовардҳои замони истиқлол ва ҳамкории фаъолона бо Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Сипоснома сарфароз гардонида мешавад.

Маҳмадалӣ ОЧИЛДИЕВ,

Наврӯз ҶОБИРОВ