Ба ифтихори Рӯзи модар 7-уми марти соли равон бо ташаббуси эдвайзер оид ба тарбияи факултети ҳисобдорӣ ва омори донишгоҳ Исматулло Ҷумаев бо ҳамроҳии як гурӯҳ донишҷӯдухтарони факултет аз Муассисаи давлатии шифохонаи шаҳрии парастории ҳамшираҳои шафқати пойтахт, воқеъ дар кӯчаи Фирдавсӣ 86-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе дидан намуданд.

Онҳо кормандони муассисаро ба муносибати Иди модар табрик гуфта, бо суханони самимӣ шодбош намуданд.

Тавре ба мо Исматулло Ҷумаев иброз дошт: “Агар дар бораи бузургии зан ва мақому манзалати ӯ дар ҷомеа борҳо сухан гӯем ҳам, боз басанда нест”.

Дар доираи амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади таҳким бахшидан ба мавқеи занон дар ҷомеа ва фаъол гардонидани нақши онҳо, як қатор қонуну қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барномаҳои давлатӣ оид ба баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа қабул гардидаанд. Ин ҳама нишонаи равшани иродаи сиёсӣ ва таваҷҷуҳи роҳбарияти давлат ба боло бурдани мақоми занон дар ҷомеа мебошад.

Ҳамин аст, ки дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар мавриди дастгирии ҳамаҷонибаи қишри эҳтиёҷманди аҳолӣ, роҳбарияти Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар шахсияти ректори донишгоҳ Сатторзода Бобоҷон Абдуҷаббор ҳамасола ба ниёзмандон кумакҳои моддию маънавӣ мерасонанд.

Дар арафаи таҷлили Рӯзи модар кормандон ва хизматчиёни ин муассиса аз чунин кумаку дастгириҳо изҳори миннатдорӣ намуда, таъкид карданд, ки раҳму шафқат ба ниёзмандон, сила кардани сари ятимон, шод гардондани онҳо ва дастгирии маъюбону камбизоатон аз хислатҳои наҷиби мардуми тоҷик ба шумор меравад.

Ҳукумати мамлакат низ барои ғамхорӣ ба онҳо тамоми шароитҳои заруриро фароҳам овардааст. Ин қишри ҷомеа ҳамеша аз дастгирӣ, ҳавасмандгардонӣ ва имтиёзҳои давлат бархӯрдор мебошанд.

Тағоймурод ЭШЗОДА