Рӯзи 12 марти соли 2026 маҳфили илмии донишгоҳии донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон таҳти унвони «Дурахши илм» дар мавзуи «Усулҳои муайян намудани арзиши гумрукӣ: ҷанбаҳои иқтисодӣ ва татбиқи он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» доир гардид.

Нахуст, сардори раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ Ҷовидон Халифазода иброз дошт, ки маҳфили илмии донишгоҳии донишҷӯён «Дурахши илм» бори ҳаштум аст, ки баргузор шуда, рӯз то рӯз таваҷҷуҳи донишҷӯён ба он бештар гардидааст. Дар як муддати кӯтоҳи фаъолияти худ ин маҳфил тавонист чеҳраҳои нави илмиро ошкор намуда, онҳоро ба озмуну олимпиадаҳои шаҳрию ҷумҳуриявӣ пешниҳод намояд. Айни ҳол даври донишгоҳии Озмун барои дарёфти Стипендияи Раиси шаҳри Душанбе миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ баргузор гардида истодааст. Тибқи дастури бевоситаи ректори донишгоҳ Бобоҷон Сатторзода, ба ин озмун асосан он донишҷӯёне пешниҳод карда мешаванд, ки аъзои фаъоли маҳфили «Дурахши илм», маҳфилҳои илмии донишҷӯён ва дар маҷмуъ, донишҷӯёни фаъол бошанд.

Ба иттилои Ҷовидон Халифазода, агар соли гузашта танҳо 6 нафар донишҷӯ барои иштирок дар ин озмун ҳуҷҷат пешниҳод карда бошанд, имсол ин нишондиҳанда ба 24 нафар расидааст. Ин дастоварди назаррас боиси ифтихор мебошад. Ҳаҷми стипендияи мазкур 7 ҳазор сомониро ташкил дода, барои донишҷӯён давоми як сол кумаки хуби молиявӣ ба ҳисоб меравад. Умед аст, ки аксари довталабони донишгоҳ дар ин озмун ба муваффақият ноил мегарданд.

Дар домаи маҳфил маърузаи донишҷӯёни курси 4-уми ихтисоси 1-960101 - хадамоти гумруки факултети фаъолияти гумрукӣ ва амнияти иқтисодӣ Сунатулло Аҳтамзода ва Муҳаммадсаид Ҳасанзода шунида шуд.

Дар ҷараёни маҳфил таъкид гардид, ки барои муайян намудани арзиши гумрукии мол усулҳои муайян мавҷуданд. Пеш аз баррасии онҳо иштирокчиён ба таърихи пайдоиши созмонҳое, ки ба ташаккули низоми муайянкунии арзиши гумрукӣ таъсир расонидаанд, таваҷҷуҳ намуданд.

Дар идома гуфта шуд, ки арзиши гумрукии мол арзиши молест, ки аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол дода шуда, тибқи талаботи Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад. Ин арзиш барои ҳисоб кардани пардохтҳои гумрукӣ ва татбиқи дигар тадбирҳои танзими давлатии фаъолияти иқтисодии хориҷӣ истифода бурда мешавад.

Ба андешаи баромадкунандагон, усули асосии муайян намудани арзиши гумрукӣ усуле мебошад, ки ба нархи муомилоти молҳои воридотӣ асос ёфтааст. Дар ҳолати имконнопазир будани истифодаи ин усул, усулҳои дигар ба таври пайдарпай истифода мегарданд.

Аз ҷумла, чунин усулҳо мавҷуданд:

усули муайян намудани арзиши гумрукӣ тибқи нархи молҳои воридотӣ;

усули муайян намудани арзиш дар асоси тарҳи арзиш;

усули муайян намудани арзиш дар асоси ҷамъ намудани арзиш;

усули эҳтиётӣ, ки дар ҳолатҳои махсус истифода бурда мешавад.

Ҳамчунин, таъкид гардид, ки агар муайян намудани арзиши гумрукӣ бо усулҳои зикршуда имконнопазир бошад, дар асоси маълумоти мавҷуда дар ҳудуди гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон усули эҳтиётӣ истифода бурда мешавад.

Хулоса карда шуд, ки татбиқи дурусти усулҳои муайян намудани арзиши гумрукӣ метавонад ба рушди савдои байналмилалӣ, ҳифзи манфиатҳои иқтисодии давлат ва баланд бардоштани самаранокии фаъолияти мақомоти гумрук мусоидат намояд. Инчунин, пешниҳод гардид, ки истифодаи технологияҳои муосир ва низоми электронии гумрукӣ боз ҳам густариш дода шавад, то равандҳои муайян намудани арзиши гумрукӣ сода, дақиқ ва шаффоф гарданд.

Дар идома миёни иштирокчиён суолу ҷавоб ва мубоҳиса сурат гирифта, устодони факултет низ фикру мулоҳизаҳои илмии худро иброз доштанд.

Наврӯз ҶОБИРОВ