РУШДИ СОҲАИ ЭНЕРГЕТИКА
Санаи 12-уми феврали соли равон маҳфили илми донишҷӯёни назди кафедраи иқтисоди корхонаҳо ва соҳибкорӣ таҳти унвони “Андозситон ва суғуртакунандаи ҷавон» дар мавзуи «Рушди соҳаи энергетика” доир гардид.
Нахуст, мудири кафедра Сунатулло Нуриддинов қайд намуд, ки соҳаи энергетика яке аз бахшҳои калидии иқтисоди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, дар таъмини рушди устувор нақши муҳим мебозад. Солҳои охир рушди ин соҳа ба самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ табдил ёфта, татбиқи лоиҳаҳои бузурги энергетикӣ ба марҳалаи нави пешрафт ворид гардид.
Яке аз дастовардҳои муҳими соҳаи энергетика идомаи сохтмони неругоҳи барқи обии «Роғун» мебошад, ки ҳамчун иншооти стратегии аср шинохта шудааст. Ба истифода додани ду агрегати аввали неругоҳ ба беҳтар гардидани таъминоти барқ дар кишвар мусоидат намуд. Тибқи нақша, ба кор даровардани агрегати сеюм дар соли 2027 имкон медиҳад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истиқлоли пурраи энергетикӣ ноил гардад.
Баъдан, донишҷӯи курси 4-уми ихтисоси 1-25010728 Мамадёр Давронов дар мавзуи “Рушди соҳаи энергетика дар даврони истиқлолият”, донишҷӯи курси 4-уми ихтисоси 1-25010728 дар мавзуи “Нақши энергетика дар рушди иқтисоди миллӣ” ва донишҷӯи курси 4 ихтисоси 1-25010728 дар мавзуи “Нақши саноатикунонии кишвар дар фаъолияти иқтисоди хориҷӣ” шунида шуданд.
Гуфта шуд, ки сиёсати давлатии энергетикӣ ба таъмини амнияти энергетикӣ, истифодаи манбаъҳои барқароршаванда, рақамисозии соҳа ва ҷалби сармоягузорӣ нигаронида шудааст. Татбиқи муваффақонаи ин стратегия имкон медиҳад, ки энергетика ба муҳаррики асосии рушди иқтисодӣ табдил ёфта, ояндаи устувори Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъмин намояд.
Рушди соҳаи энергетика дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бевосита бо сиёсати дурбинона ва заҳматҳои пайвастаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста мебошад. Маҳз таҳти роҳбарии оқилонаи Сарвари давлат энергетика ба яке аз самтҳои стратегии рушди иқтисоди миллӣ табдил ёфта, ҳамчун пояи асосии истиқлоли давлатӣ ва иқтисодӣ муаррифӣ гардид.
Донишҷӯи курси 4 ихтисоси 1-25010728 Хушбахт Қувватов дар муҳокима баромад намуда, дар бораи мавзуъҳои баррасишуда фикру андешаҳои худро баён намуд.
Дар бахши пурсишу посух донишҷӯён ва устодони кафедра ширкати фаъолона доштанд.
Тағоймурод ЭШЗОДА
Тоҷ
Рус
Eng