СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ ОИД БА ВАЗЪИ ТАТБИҚИ МУҚАРРАРОТИ ҚОНУН «ДАР БОРАИ ЗАБОНИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН»
Санаи 13 марти соли равон бо мақсади татбиқи босамари сиёсати давлатӣ дар самти ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ, инчунин, назорат ва санҷиши вазъи риояи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», намояндагони Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон семинари омӯзишӣ доир намуданд. Дар семинар директори Муассисаи давлатии «Маркази миллии тарҷума»-и назди кумита Дӯстзода Ҳамрохон Ҷумъа, сардори шуъбаи коргузорӣ ва назорати кумита Достон Ҳафизов ва сардори раёсати экспертизаи забоншиносии Маркази миллии тарҷума Ҳабибулло Раҷабзода иштирок намуданд.
Дар оғоз муовини ректор оид ба илм ва инноватсия Қутбиддин Муқимов иброз дошт, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ забони тоҷикӣ ҳамчун муқаддасоти миллӣ эътироф гардида, мақому манзалати хосаро соҳиб шудааст. Дар рушд ва таҳкими мавқеи забони давлатӣ нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ниҳоят бузург аст. Бо ташаббуси Сарвари давлат силсилаи қонуну қарорҳо дар бораи забони тоҷикӣ қабул гардида, барои рушди минбаъдаи он заминаи мусоид фароҳам оварда шудааст.
Дар идомаи семинар директори Муассисаи давлатии «Маркази миллии тарҷума» Ҳамрохон Дӯстзода барои ҳамкориҳои судманд дар самти татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба роҳбарият ва ҳайати омӯзгорони донишгоҳ изҳори сипос карда, таъкид намуд, ки тибқи нақшаи кории кумита барои нимсолаи якуми соли 2026, аз 10 то 14 марти соли 2026 дар ДДМИТ вазъи иҷрои талаботи қонуни мазкур ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди санҷиш қарор дода мешавад.
Инчунин, иҷрои қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030», «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва аломатҳои китобати забони тоҷикӣ» ва «Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ» санҷида мешаванд.
Зимни санҷиш масъалаҳои вазъи иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ вобаста ба забони давлатӣ, сатҳи риояи қоидаҳои имло ва аломатҳои китобат дар ҳуҷҷатнигорӣ, дурустии номгузории сохторҳо, сифати таҳияи матнҳои расмӣ ва ҳолати лавҳаву овезаҳо дар дохили донишгоҳ мавриди омӯзиш қарор мегиранд.
Натиҷаи рӯзҳои аввали санҷиш нишон дод, ки дастовардҳои назаррас дар самти гиромидошти забони давлатӣ ва талошҳои роҳбарияти донишгоҳ ҷиҳати таҳкими мақоми забон мусбат арзёбӣ гардиданд. Ҳамзамон, баъзе камбудиҳои ҷузъӣ низ ошкор гардида, барои бартараф намудани онҳо ба роҳбарияти донишгоҳ тавсияҳои мушаххас пешниҳод карда шуданд.
Тавсияҳо асосан ба самтҳои такмили сатҳи таҳриру таҳияи ҳуҷҷатҳо, мутобиқ намудани матнҳо ба қоидаҳои амалкунандаи имло, тақвияти назорати дохилӣ дар масъалаҳои забонӣ ва баланд бардоштани маърифати забонии кормандон равона гардиданд.
Дар ҷамъбасти чорабинӣ роҳбари гурӯҳи корӣ Ҳамрохон Дӯстзода доир ба асолат, покизагӣ ва арҷгузорӣ ба забони давлатӣ андешаҳои пурмуҳтаво баён намуда, таъкид кард, ки забони тоҷикӣ ҳамчун пояи асосии давлатдорӣ ва рукни муҳими ҳувияти миллӣ бояд ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи ҷомеа қарор дошта бошад. Риояи меъёрҳои забон танҳо иҷрои талаботи ҳуқуқӣ нест, балки нишонаи эҳтиром ба таърих, фарҳанг ва арзишҳои миллӣ мебошад.
Дар муҳокимаи масъалаҳо устодони донишгоҳ Манзура Ҳасанова, Илҳом Неъматов ва Нигина Сироҷова доир ба масъалаҳои марбут ба рушди забони давлатӣ андешаю пешниҳодҳои худро баён карданд.
Наврӯз ҶОБИРОВ
Тоҷ
Рус
Eng