13 марти соли равон дар Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-051 назди Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳимояи рисолаи номзадии муаллими калони кафедраи фаъолияти бонкии факултети молия ва қарзи ДДМИТ Илҳом Сафаров дар мавзуи «Маблағгузории фаъолияти сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.

Номбурда рисолаи илмии худро барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои иқтисодӣ аз рӯи ихтисоси 5.2.17 - молия, муомилоти пулӣ ва қарз таҳти роҳбарии иҷрокунандаи вазифаи профессори кафедраи иқтисоди ҷаҳони ДДМИТ, доктори илмҳои иқтисодӣ, дотсент Меҳтархон Содиқов бомуваффақият дифоъ намуд.

Ҳадафи асосии таҳқиқоти мазкур таҳлили амиқи асосҳои назариявии маблағгузории фаъолияти сармоягузорӣ буда, ба таҳияи пешниҳодҳо ва тавсияҳои амалӣ равона гардидааст, ки метавонанд барои баланд бардоштани самаранокии низоми ҷалби сармоягузорӣ дар иқтисоди миллии кишвар мусоидат намоянд.

Навгонии илмии таҳқиқот дар муайян намудани ҷанбаҳои назариявӣ ва амалии маблағгузории фаъолияти сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ифода меёбад.

Мо, устодону кормандони донишгоҳ Илҳом Сафаровро бо ин дастоварди арзандаи илмӣ самимона табрик гуфта, ба ӯ дар фаъолияти минбаъдаи илмӣ барору комёбиҳо орзу менамоем. Бовар дорем, ки натиҷаҳои ин таҳқиқот дар амалия татбиқ гардида, барои рушди илм ва баланд бардоштани сифати таҳсилот саҳми арзанда хоҳанд гузошт.

Тағоймурод ЭШЗОДА