МАҲФИЛИ ИЛМИИ ДОНИШҶӮЁН ТАҲТИ УНВОНИ «МАТЕМАТИКОНИ ҶАВОН»
Тибқи нақшаи раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ санаи 12-уми марти соли равон дар кафедраи математикаи олӣ маҳфили илмии донишҷӯён дар мавзуи «Модели хаттии амортизатсия дар ҳалли мсъалаҳои иқтисодӣ» доир гардид.
Маҳфилро мудири кафедраи математикаи олӣ, дотсент Миралӣ Шодмонов кушода, донишҷӯёнро бо мавзуи баррасишаванда шинос намуда, оид ба роҳҳои корҳои илмӣ-тадқиқоти маълумоти муфассал дод. Ҳамзамон, зинаҳои корҳои илмӣ-тадқиқотиро баён намуда, қайд кард, ки иштирок дар маҳфили илмии донишҷӯён қадами аввалин барои оғози корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, аз донишҷӯён даъват ба амал овард, ки дар чунин маҳфилҳо фаъолона ширкат варзида, барои кашфи навоварию ихтироъкорӣ ноил гарданд.
Донишҷӯёнӣ курси 1-уми ихтисоси 1-25010801 факултети ҳисобдорӣ ва омор Комил Каримов дар мавзуи «Модели хаттии амортизатсия дар ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ», таҳти роҳбари илмӣ Азиз Шомирзоев баромад намуд.
Гуфта шуд, ки модели хатии амортизатсия дар ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ нишон дода шуда, имкон медиҳанд, ки равандҳои гуногуни иқтисодӣ бо қадри зарур дар шакли сода ва фаҳмо навишта шуда, масъалаҳои душвори математикӣ ва иқтисодӣ ҳал карда шаванд.
Дар охири маҳфил байни донишҷӯён саволу ҷавоб сурат гирифт.
Шуъбаи иттилоот ва нашрия
Тоҷ
Рус
Eng