Санаи 12-уми марти соли равон тибқи нақшаи тасдиқгардидаи раёсати илм ва инноватсия, дар кафедраи андозбандӣ ва суғуртаи факултети иқтисод ва идоракунии давлатӣ маҳфили илмии донишҷӯён таҳти унвони “Андозситон ва суғуртакунандаи ҷавон” дар мавзуи “Рушди низоми суғуртавӣ дар шароити имрӯза” зери роҳбарии ассистенти кафедра Сабур Муминзода доир гардид.

Нахуст, мудири кафедраи андозбандӣ ва суғурта, дотсент Суҳроб Шукуров қайд намуд, ки баргузории чунин маҳфилҳо барои сайқал додани дониши донишҷӯён нақши бориз дорад.

Баъдан, сардори раёсати илм ва инноватсия, дотсент Ҷовидон Халифазода вобаста ба муҳимияти баргузории маҳфилҳо ибрози андеша намуда, иброз дошт, ки ҳадафи асосии маҳфил тақвияти ҷаҳонбинии илмӣ, рушди тафаккури таҳлилӣ ва баланд бардоштани сатҳи донишҳои назариявию амалии донишҷӯён мебошад.

Донишҷӯи курси 2-юми ихтисоси 1-25010728 Ҷ. Ниёззода дар мавзуи “Вазъи низоми суғуртаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2025” баромад намуд. Номбурда иброз дошт, ки суғурта ҳамчун воситаи ҳимояи манфиатҳои амволии шаҳрвандон, субъектҳои хоҷагидорӣ ва давлат унсури зарурии ҷомеаи муосир ба шумор рафта, яке аз усулҳои муҳимтарини кам намудан ва бартараф кардани зарари иқтисодӣ мебошад. Суғурта имкон медиҳад, ки на танҳо зарари расонидашуда талофӣ карда шавад, балки он яке аз сарчашмаҳои хеле устувори захираҳои молиявӣ барои сармоягузорӣ ба ҳисоб меравад.

Донишҷӯи курси 2-юми ихтисоси 1-25010728 Ҳ. Пириева бошад, дар мавзуи “Идоракунии хавфҳо дар суғурта” баромад намуда, гуфт, ки идоракунии хавф яке аз омилҳои асосӣ дар инкишофи суғурта буда, раванди идентификатсияро мефаҳмонад. Инчунин, гузаронидани як қатор чорабиниҳо дар бораи паст намудани сатҳи хавфро мефаҳмонад. Идоракунии хавфҳо унсури ҷудонашавандаи ҷараёни идоракунӣ дар корхона ба шумор меравад, ки ҳадафи асосии он таъмини фаъолияти самараноки корхона дар шароити номуайянӣ ва хавф ба шумор меравад.

Дар интиҳои маҳфил саволу ҷавобҳо сурат гирифт.

Шуъбаи иттилоот ва нашрия