Дар асоси нақшаи чорабиниҳои раёсати корҳои ташкилию тарбиявии донишгоҳ, 13-уми марти соли равон дар толори таълимии факултети ҳисобдорӣ ва омори донишгоҳ ҷаласаи кураторон доир гардид. Дар ҷаласа сардори раёсати ташкилию тарбиявӣ Сиёвуш Ҳабибов ва сардори шуъбаи кор бо ҷавонон Ҷаъмахон Ҷангиев иштирок ва суханронӣ намуданд.

Нахуст, декани факултет Ёрибек Тилабов иброз дошт, ки мақсади мо тарбияи дурусти донишҷӯён ва ба роҳи рост ҳидоят намудани онҳо аст. Бинобар ин, дар шароити феълӣ кураторонро зарур аст, ки баҳри ҳимояи манфиатҳои миллӣ, тарбияи донишҷӯён дар рӯҳияи худшиносию худогоҳӣ ва меҳанпарастию пос доштани муқаддасоти миллӣ дар раванди баргузории соатҳои тарбиявӣ корҳоро пурзӯр ва ҷоннок намоянд.

Сиёвуш Ҳабибов ва Ҷаъмахон Ҷангиев дар баромадҳои худ қайд намуданд, ки мутасаддиёнро лозим аст бо донишҷӯён бештар дар робита қарор дошта бошанд ва онҳоро ба омӯхтани илму ҳунарҳои замонавӣ водор намоянд, то ки донишҷӯён мақсаду мароми омӯзишу иштироки худро ба тадрис дарк кунанд. Ҳамчунин, бо волидайни донишҷӯён робитаро тақвият бахшанд, бо онҳо суҳбатҳои инфиродӣ гузаронанд ва дарсҳои сиёсиро ба роҳ монанд, то баҳри мутахассиси хуб шудани донишҷӯён тамоми донишу малака ва неруи худро сарф намоянд.

Албатта, баргузор намудани ҷаласаҳои куратори барои тақвияти худшиносии миллии донишҷӯён, пешгирӣ аз омилҳои номатлуб мусоидат намуда, дар ҷомеа такони ҷиддӣ хоҳад бахшид.

Тағоймурод ЭШЗОДА