Санаи 13-уми марти соли равон дар кафедраи иқтисоди ҷаҳон маҳфили илмии донишҷӯён таҳти унвони «Рушди сайёҳӣ дар иқтисодиёти Тоҷикистон» доир гардид.

Дар оғози мҳфил н.и.и. Н. Ақдодова қайд намуд, ки соҳаи сайёҳӣ яке аз бахшҳои сердаромад ва нисбатан камхароҷоти иқтисодиёти миллӣ ба шумор рафта, метавонад дар рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар нақши муҳим бозад.

Ҳамзамон, таъкид гардид, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаи сайёҳӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, барои густариши он як қатор барномаҳо ва тадбирҳои муҳимро роҳандозӣ кардаанд. Бо мақсади дастгирии соҳибкороне, ки дар соҳаи сайёҳӣ фаъолият менамоянд, имтиёзҳои гуногун пешбинӣ шудаанд. Аз ҷумла, солҳои охир барои рушди инфрасохтори сайёҳӣ маблағҳои назаррас ҷудо гардида, инчунин, ба соҳибкорони фаъол дар ин самт як қатор имтиёзҳои андозӣ дода шудааст.

Сипас, донишҷӯён Нуриҷаҳон Шоискандарова ва Шукрона Раҳмонова бо маърузаҳои илмии худ баромад намуда, масъалаҳои марбут ба рушди соҳаи сайёҳӣ, имкониятҳои сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон, рушди сайёҳии деҳот ва нақши он дар баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар ҷараёни маҳфил миёни донишҷӯён мубодилаи афкор сурат гирифта, доир ба роҳҳои рушди минбаъдаи соҳаи сайёҳӣ дар кишвар фикру пешниҳодҳои ҷолиб баён гардиданд.

Дар анҷоми маҳфил дотсент З. Давлатшоева ва омӯзгор Н. Ақдодова таъкид намуданд, ки баргузории чунин маҳфилҳои илмӣ барои баланд бардоштани сатҳи дониш, ташаккули тафаккури илмӣ ва ҷалби донишҷӯён ба фаъолияти таҳқиқотӣ аҳамияти муҳим дорад.

Шуъбаи иттилоот ва нашрия