“ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ” ДАР ДДМИТ
Санаи 16-уми марти соли равон дар ДДМИТ бо мақсади тарғиби фарҳанги миллӣ, эҳтиром ба арзишҳои ниёгон ва боло бурдани ҳисси ватандӯстӣ миёни донишҷӯён чорабинии фарҳангӣ таҳти унвони «Тоҷикона мепӯшем» доир гардид.
Дар рафти чорабинӣ донишҷӯёну омӯзгорон бо либосҳои зебои миллӣ, аз ҷумла чакан, атлас ва адрас, иштирок намуда, фазои донишгоҳро боз ҳам рангоранг ва идона гардониданд.
Тавре мутахассиси шуъбаи кор бо занон ва духтарон Маҳбуба Ғафорова иброз дошт, ин иқдом ба он равона шудааст, ки ҷавонон ба пӯшидани либоси миллӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намуда, суннатҳои қадимаи мардуми тоҷикро эҳё ва ҳифз намоянд.
Иштирокчиён таъкид намуданд, ки либоси миллӣ на танҳо як навъи пӯшок, балки рамзи таърих, фарҳанг ва ҳувияти миллати тоҷик ба шумор меравад. Аз ин рӯ, эҳтиром ва истифодаи он нишонаи арҷгузорӣ ба гузашта ва мероси фарҳангии ниёгон аст.
Ҳадафи асосии чунин ташаббусҳо баланд бардоштани ифтихори миллӣ, муаррифии либоси суннатии тоҷикон, тарғиби фарҳанги миллӣ дар миёни ҷавонон ва тақвияти худшиносии миллӣ мебошад.
Ин иқдом махсусан дар арафаи ҷашнҳои миллӣ, аз ҷумла Наврӯз аҳамияти бештар дошта, фазои дӯстӣ, ҳамбастагӣ ва худшиносии миллиро миёни донишҷӯён таҳким мебахшанд.
Шуъбаи иттилоот ва нашрия
Тоҷ
Рус
Eng