МАҲФИЛИ ИЛМӢ ДАР АРАФАИ ИДИ НАВРӮЗ
Бахшида ба Рӯзи модар ва Наврӯзи Аҷам, тибқи нақшаи маҳфили илмии донишҷӯёни кафедраи забонҳои хориҷии донишгоҳ таҳти унвони «Забон донӣ - ҷаҳон донӣ» 14-уми марти соли равон дар донишгоҳ маҳфили илмии донишҷӯён баргузор гардид.
Дар оғоз мудири кафедраи забонҳои хориҷӣ, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Гулпарӣ Ҳусейнова суханронӣ намуда, устодон ва донишҷӯёнро хайрамақдам гуфта, ҳозиринро бо фарорасии ҷашни баҳор - Наврӯзи Аҷам табрик намуда, орзуҳои нек баён кард.
Сипас, роҳбари маҳфили илмии донишҷӯёни кафедра, номзади илмҳои филологӣ Парвина Орзузода иброз дошт, ки имрӯзҳо Наврӯзи Аҷам ҳамчун ҷашни байналмилалӣ ва умумиҷаҳонӣ эътироф гардида, дар бисёр кишварҳо, аз ҷумла Эрон, Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон бо шукуҳу шаҳомати хос таҷлил мегардад. Махсусан, дар Тоҷикистон ин ҷашни бузург ҳамасола 21-уми март бо тантанаҳои идона доир мешавад.
Қайд гардид, ки дар ин ҷашни бузург бонувони тоҷик хӯроки миллии суманак, ки рамзи асосии Наврӯз ба шумор меравад, омода менамоянд. Ҳамчунин, дастархони идона ороста мешавад, ки бо анъанаҳои ҳафтсин ва ҳафтшин оро дода мешавад.
Дар идомаи маҳфил донишҷӯёни соли аввали факултети молия ва қарз Сураҷ Собиров, Нуршод Нозирҷонзода, Соҳиб Ҳотамзода, Муртазо Бозоров, Дилноза Мирзоева, Нозанин Азимова, Табассум Асадуллоева ва Муниса Ғиёсова дар мавзуи «Рӯзи модар ва Наврӯзи Аҷам» бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ бо истифода аз слайдҳо маърузаҳои пурмуҳтаво пешниҳод намуданд. Ҳамзамон, онҳо дар васфи модар ва Наврӯз бо забонҳои гуногун шеър хонданд.
Бояд зикр кард, ки Рӯзи модар низ дар фасли баҳор таҷлил мегардад. Аз ин рӯ, донишҷӯён дар баромадҳои худ ба васфи зан-модар низ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, шеърҳо қироат карданд.
Мутахассиси раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ Рухшона Нурмуҳаммадова суханронӣ намуда, ба баромадҳои донишҷӯён ва муҳтавои мавзуъҳои пешниҳодшуда баҳои баланд дода, донишҷӯёнро ба омӯзиши амиқтари таъриху фарҳанги Наврӯз ва қадршиносии модар даъват намуд.
Тағоймурод ЭШЗОДА
Тоҷ
Рус
Eng