Рӯзи 16-уми марти соли равон дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон чорабинии сиёсӣ-идеологӣ бо иштироки кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва устодону донишҷӯён зери унвони “Масъулияти ҷавонон дар ҳифзи манфиатҳои миллӣ: муқовимат бо таҳдидҳои муосир, ҷинояткорӣ ва зуҳуроти экстремистиву террористӣ” доир гардид.

Нахуст, муовини ректор оид ба тарбияи донишгоҳ Шаҳноза Ғафорова таъкид намуд, ки саҳми ҷавонон дар таҳкими сулҳу субот, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва иштироки фаъолона дар чорабиниҳои тарғиботии дорои рӯҳияи ватандӯстӣ назаррас аст. Мавсуф ҳадафи асосии вохӯриро баланд бардоштани маърифати ҳуқуқию сиёсии ҷавонон, таҳкими ҳисси ватандӯстӣ, пешгирии ҷинояткорӣ ва муқовимат ба таҳдидҳои муосир, аз ҷумла экстремизм ва терроризм арзёбӣ намуд.

Сардори ШВКД-1 дар ноҳияи Сино полковники милитсия Суҳроб Ҳайдарзода оид ба вазъи ҷинояткорӣ, бахусус ҳолатҳои қаллобӣ, дуздӣ ва қарзгирию фиреб додани шаҳрвандон маълумот пешниҳод намуд. Номбурда аз афзоиши баъзе ҳуқуқвайронкуниҳо дар байни ноболиғону ҷавонон изҳори нигаронӣ намуда, зикр кард, ки ҷанҷолу кордзанӣ байни баъзе ҷавонон яке аз масъалаҳои ташвишовар мебошад. Яке аз омилҳои чунин ҳолатҳо бепарвоии баъзе волидон ва паст будани сатҳи маърифат ба шумор меравад.

Ҳамчунин, таъкид гардид, ки яке аз принсипҳои муҳими сиёсати инсондӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ватан баргардонидани шаҳрвандоне мебошад, ки аз рӯи гумроҳӣ ба сафи гурӯҳҳои ифротӣ пайвастаанд. Дар ин замина, мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе дар байни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳиро густариш медиҳад.

Қайд гардид, ки тибқи эзоҳи моддаҳои 307 иловаи 3 ва 401 иловаи 1-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрвандоне, ки аз кирдорҳои қаблан содирнамудаи худ сидқан пушаймон шуда, ихтиёран ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат менамоянд, дар сурати набудани дигар аломатҳои ҷиноят аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешаванд. Ин иқдом ба бозгашти ихтиёрии шаҳрвандон ва пешгирии шомилшавии онҳо ба гурӯҳҳои ифротӣ мусоидат менамояд.

Дар идома масъалаҳои эҳтироми либоси миллӣ, фарҳанги шаҳрнишинӣ ва риояи меъёрҳои ахлоқӣ низ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтанд.

Ёрдамчии сардори РВКД дар шаҳри Душанбе Омина Шуҳратзода дар бораи нақши ҷавонон дар таҳкими ҳувияти миллӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифат ва тарбияи насли соҳибфарҳанг сухан ронд. Ба андешаи номбурда, ҷавонон бояд дар байни ҳамсолони худ тарзи ҳаёти солимро тарғиб намуда, дар пешгирии кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ саҳми фаъол дошта бошанд.

- Барои нигоҳ доштани суботу оромии ҷомеа фаъолияти дастҷамъона зарур буда, бетарафӣ метавонад боиси мушкилоти ҷиддӣ гардад. Аз ин рӯ, ҷавонон бояд барои таъмини ояндаи дурахшони кишвар аз имрӯз дар роҳи донишомӯзӣ, тарбияи ахлоқӣ ва хизмат ба Ватан кӯшиш намоянд, - зикр кард баромадкунанда.

Дар рафти чорабинӣ, масъалаҳои марбут ба сиёсати давлатии ҷавонон, самтҳои афзалиятноки он, баланд бардоштани маърифати зеҳнии ҷавонон, ташаккули тарзи ҳаёти солим ва пешгирии ҷомеа, бахусус ҷавонон аз зуҳуроти номатлубу хатарзо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Баромадкунандагон таъкид карданд, ки тақвияти корҳои маърифатӣ ва идеологӣ дар ҷомеа яке аз омилҳои муҳими таҳкими сулҳу субот мебошад. Бо назардошти равандҳои ҷаҳонишавӣ ва авзои мураккаби ҷаҳонӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифат ва ҳушёрии сиёсии ҷавонон аҳамияти махсус дорад.

Дар қисмати музокира устодону донишҷӯён таклифу пешниҳодҳои худро ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани корҳои тарғиботию маърифатӣ ва баланд бардоштани мавқеи ҷавонони фаъол иброз доштанд.

Наврӯз ҶОБИРОВ