БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ “ТАБИАТШИНОСИ ҶАВОН”
Санаи 17-уми марти соли равон дар назди кафедраи фанҳои табиатшиносии донишгоҳ маҳфили илмии донишҷӯён таҳти унвони «Табиатшиносони ҷавон» дар мавзуи «Ташаббусҳои нави Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марбут ба об ва тағйирёбии иқлим» доир гардид.
Нахуст, раиси маҳфил Алишер Раҳимӣ иброз дошт, ки мавзуи баррасишаванда яке аз масъалаҳои мубрами замони муосир ба ҳисоб меравад. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи кишварҳое мебошад, ки дорои захираҳои бузурги обӣ, аз ҷумла пиряхҳои нодир аст. Дар ҳудуди кишвар зиёда аз 13000 пирях мавҷуд буда, масоҳати онҳо тақрибан 6600 км²-ро ташкил медиҳад.
Таъкид шуд, ки дарёҳои бузурги минтақа, аз ҷумла Амударё, Сирдарё ва Зарафшон асосан аз ҳисоби обшавии пиряхҳои Тоҷикистон ғизо мегиранд ва беш аз 60 миллион аҳолии Осиёи Марказӣ аз онҳо истифода мебаранд.
Дар идома зикр гардид, ки таҳти таъсири тағйирёбии иқлим пиряхҳо бо суръати нигаронкунанда коҳиш ёфта истодаанд. Тибқи маълумоти созмонҳои байналмилалӣ, аз соли 1930 то имрӯз ҳаҷми онҳо ба ҳисоби миёна 30-35 фоиз кам шудааст, ки ин раванд метавонад ба мушкилоти ҷиддии экологӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ оварда расонад.
Дар маҳфил дотсент Одилҷон Абдуллозода бо маърузаи пурмазмун баромад намуда, паҳлуҳои муҳими мавзуъро мавриди таҳлил қарор дода, иброз дошт, ки донишҷӯён низ вобаста ба ин масъала омодагии хуб дидаанд ва метавонанд маълумоти муфид пешниҳод намоянд.
Сипас, донишҷӯёни курси якуми ихтисоси 1-25010500 факултети ҳисобдорӣ ва омор М. Давронзода, К. Шералиева ва дигарон бо маърузаҳои ҷолиб баромад карданд.
Баъд аз анҷоми маърӯзаҳо миёни иштирокчиён ва маърӯзачиён мубоҳисаи илмӣ баргузор гардида, ба саволҳои пешниҳодшуда ҷавобҳои мушаххас дода шуданд.
Дар қисми музокира Р. Нурмаҳмадова, мутахассиси раёсати илм ва инноватсия, инчунин устодони кафедра В. Орифҷонова ва А. Сулаймонов андешаҳои худро баён карданд.
Шуъбаи иттилоот ва нашрия
Тоҷ
Рус
Eng