КОНСЕПСИЯИ МУОСИРИ МЕНЕҶМЕНТИ СТРАТЕГӢ
Бахшида ба ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тибқи нақшаи раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ, 16-уми марти соли равон маҳфили илмии донишҷӯёни назди кафедраи менеҷмент таҳти унвони «ТОП-менеҷер» дар мавзуи «Консепсияи муосири менеҷменти стратегӣ» доир гардид.
Нахуст, мудири кафедраи менеҷмент Илҳомиддин Неъматов зикр намуд, ки пас аз ба даст овардани истиқлолият дар соли 1991 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба марҳилаи нави рушди сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ворид гардид. Давлати ҷавон барои барқарорсозии иқтисод, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва таҳкими истиқлоли миллӣ як қатор барномаҳои муҳимро қабул намуд.
Сипас, сардори раёсати илм ва инноватсия Ҷовидон Халифазода иброз дошт, ки маҳфили «ТОП-менеҷер» яке аз ташаббусҳои муҳими илмӣ барои рушди қобилияти зеҳнӣ ва таҳлилии донишҷӯён ба ҳисоб меравад. Таъкид гардид, ки чунин чорабиниҳо ба донишҷӯён имкон медиҳанд, то донишҳои назариявии худро дар амал татбиқ намуда, малакаҳои идоракунӣ ва тафаккури стратегиро такмил диҳанд.
Ҳамчунин, зикр карда шуд, ки баргузории мунтазами маҳфилҳои илмӣ дар кафедраи менеҷмент барои омода намудани мутахассисони рақобатпазир ва ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат мусоидат менамояд.
Дар идома Ф. Буриқулов, донишҷӯи курси 2-юми ихтисоси менеҷмент дар мавзуи «Консепсияи муосири менеҷменти стратегӣ», А. Саидмухтор, донишҷӯи курси 4-уми ихтисоси менеҷмент дар мавзуи «Ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва М. Шоҳимардонзода, донишҷӯи курси 3-юми ихтисоси идораи давлатӣ ва ҳуқуқ дар мавзуи «Самтҳои асосии консепсияҳои менеҷменти стратегӣ дар иқтисоди муосир» бо маърузаҳои ҷолиб баромад намуданд.
Баромадкунандагон бо истифода аз слайдҳо мавзуъҳоро шарҳ дода, таъкид намуданд, ки менеҷменти стратегӣ яке аз самтҳои муҳими илми идоракунӣ мебошад. Он ба ташкилотҳо имкон медиҳад, ки дар шароити рақобати шадид ва тағйироти босуръати иқтисодӣ фаъолияти худро самаранок ба роҳ монанд. Инчунин, зикр гардид, ки унсурҳои асосии менеҷменти стратегӣ, аз ҷумла банақшагирии стратегӣ, бартарии рақобатӣ, таҳлили муҳити стратегӣ, рушди устувор ва инноватсия, дар иқтисоди муосир аҳамияти хоса доранд.
Дар анҷоми маҳфил муовини декан оид ба илм Орифҷон Фозилзода қайд намуд, ки чунин маҳфилҳои илмӣ барои баланд бардоштани сатҳи дониш, рушди қобилияти таҳлилӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии касбии донишҷӯён нақши муҳим мебозанд. Ҳамзамон, таъкид гардид, ки дастгирии ташаббусҳои илмии ҷавонон яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти факултет ба ҳисоб меравад.
Шуъбаи иттилоот ва нашрия
Тоҷ
Рус
Eng