БЕХАТАРИИ ИҚТИСОДӢ ҶУЗЪИ МУҲИМИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ
Санаи 16-уми марти соли равон бо ибтикори кафедраи бехатарии иқтисодии факултети фаъолияти гумрукӣ ва амнияти иқтисодии донишгоҳ семинари илмӣ-методӣ дар мавзуи «Таҳлили омилҳои таъсиррасони хориҷӣ ва дохилӣ ба бехатарии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» доир гардид. Дар он намояндагони раёсати илм ва инноватсия, садорати факултет, устодони кафедра ва донишҷӯёни ихтисоси молия ва назорат дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ иштирок намуданд.
Семинаро бо суханони муқаддимавӣ мудири кафедраи фаъолияти гумрукӣ М. Абдуллоев ифтитоҳ бахшида, қайд намуд, ки раванди пешрафти технологияҳои рақамӣ, зеҳни суннӣ ва неруи сунъӣ, технологияҳои коммуникасионӣ ва амнияти иттиоотӣ дар ҷаҳони муосир тақозо менамояд, ки дастовардҳои дар ин замима бадастомада ба манбаҳои иловагии рушди иқтисодӣ ва хизматрасонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил дода шаванд. Махсусан, дар самти таъмини бехатарии иқтисодӣ фаъолияти мақомоти гумруки кишвар шоистаи таҳсин аст. Ояндаи мақомоти гумрук бо истифодаи васеи технологияҳои рақамӣ ва равишҳои инноватсионӣ алоқаманд мебошад. Ин раванд метавонад фаъолияти мақомоти гумрукро боз ҳам самаранок намуда, мутобиқ ба талаботи замони муосир гардонад.
Баъдан, донишҷӯи курси 2 Низом Валиев дар мавзуи “Бехатарии иқттисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва омилҳои дохилию берунии ба он таъсиррасонанда” баромад намуда, ҳозиринро ба мафҳум ва муҳтавои бехатарии иқтисодӣ, таъсири бехатарии иқтисодӣ ба соҳаҳои мухталифи давлат, унсурҳои бехатарии иқтисодӣ ва омилҳои таъсиррасонандаи дохилию хориҷӣ шинос намуд. Мавсуф, ҳамчунин оид ба афзалиятҳо ва мушкилиҳои мавҷудаи иқтисодӣ дар шароити муосир сухан намуд.
Сипас, донишҷӯи курси 2 Сиёвуш Раҷабов дар мавзуи “Иқтисодиёти рақамӣ ва моҳияти он дар инкишофи иқтисодиёти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон” баромад намуд. Номбурда ҳозиринро бо унсурҳои иқтисодиёти рақамӣ ва омилҳои рушди он шинос намуда, оид ба афзалиятҳо ва мушкилоти соҳа изҳори андеша намуд.
Дар музокира декани факултети фаъолияти гумрукӣ ва амнияти иқтисодӣ М. Буриева, мудири кафедраи бехатарии иқтисодӣ М. Абдуллоев, намояндаи раёсати илм ва инноватсия Р. Нурмаҳмадова ва дигарон баромад намуда, муҳимияти мавзуи интихобшударо қайд намуданд.
Шуъбаи иттилоот ва нашрия
Тоҷ
Рус
Eng