Дар асоси шартномаи ҳамкории дуҷонибаи бахши таҷрибаомӯзӣ ва рушди касбияти раёсати таълим бо ҶСП “Ҳумо Бонк” курси омӯзишӣ барои тайёр намудани мутахассисони соҳаи бонкдорӣ бо номи “Бонкири ҷавон” аз ҳисоби хатмкунандагони факултети молия ва қарз дар давоми як моҳ гузаронида шуд.

Ташкили курси таълимӣ бо мақсади омода намудани мутахассисони ҷавон дар соҳаи бонкдорӣ, инчунин, муайян ва интихоб намудани номзадҳои болаёқат барои гузаштани таҷрибаомӯзӣ ва ба ҷойи кор таъмин намудани хатмкунандагони донишгоҳ дар ҶСП “Ҳумо Бонк” роҳандозӣ шуда буд.

Санаи 17-уми марти соли равон 12 нафар хатмкунандагони факултети молия ва қарзи ДДМИТ бобомуваффақият ин курсро хатм намуданд. Аз тарафи кормандони бонк Г. Шербадалова, Я. Исмоилова, Ш. Раҳматова ва А. Нурматов ба донишҷӯён сертификат ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.

Г. ЛАТИПОВА,

сардори бахши таҷрибаомӯзӣ ва рушди касбият