Рӯзи 18 март дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон иди байналмилалии Наврӯз бо иштироки донишҷӯён, устодон, кормандон ва як қатор меҳмонони олиқадр бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил гардид.

Дар чорабинии идона раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Зоир Ҳабибзода, муовини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Ато Мирхоҷа, Шоири халқии Тоҷикистон Гулрухсор Сафӣ ва Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Дона Баҳром, инчунин, сарояндагони шинохта Лола Азизова, Ҷаннатулло Абдуллоев, гурӯҳи ҳаҷвии “Шакарханд” ва дигар меҳмонон иштирок намуда, аз дастурхони идонаи наврӯзӣ дидан карданд.

Дар базми наврӯзӣ устодону донишҷӯёни ҳафт факултет ва кафедраҳои умумидонишгоҳӣ бо ороиши дастархони анъанавии «ҳафт син», «ҳафт шин» ва «ҳафт мим», инчунин, муаррифии суннатҳои миллӣ гӯшаҳои махсус ташкил намуданд, ки хеле ҷолибу диданӣ буданд.

Бо мақсади эҳё ва тарғиби арзишҳои миллӣ миёни факултетҳо озмуни «Суфраи наврӯзӣ - ойинаи фарҳанг ва суннатҳои миллӣ» доир гардид. Намояндагони ҳар як факултет бо намоиши суннатҳои неки наврӯзӣ фаъолона иштирок намуда, сатҳи баланди омодагӣ нишон доданд.

Ҳайати ҳакамон намоиши факултетҳоро аз рӯи мазмун, муҳтаво, сатҳи муаррифӣ ва иштироки донишҷӯён арзёбӣ намуда, натиҷаҳоро чунин муайян карданд: Шоҳҷоиза ба факултети иқтисод ва идоракунии давлатӣ, ҷойи аввал ба факултети ҳисобдорӣ ва омор, ҷойҳои дуюм ба факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодӣ, факултети фаъолияти гумрукӣ ва амнияти иқтисодӣ, ҷойҳои сеюм ба кафедраҳои умумидонишгоҳӣ ва факултети иқтисоди рақамӣ ва технологияҳои инноватсионӣ лоиқ дониста шуд. Ғолибон мутаносибан бо мукофотҳои пулӣ ба маблағи 3000, 2000 ва 1000 сомонӣ қадрдонӣ гардиданд.

Ҳамчунин, факултети муносибатҳои иқтисоди байналмилалӣ ва факултети молия ва қарз барои иштироки фаъолона бо ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шуданд.

Сипас, чорабинӣ дар толори фарҳангии донишгоҳ идома ёфт. Онро ректори донишгоҳ Бобоҷон Сатторзода ифтитоҳ намуда, ҳозиринро ба муносибати Наврӯзи фархундапай самимона табрик гуфт.

Зимни суханронии худ ректор таъкид намуд, ки Наврӯз рамзи эҳёи табиат, покизагии маънавӣ, ваҳдат ва ҳамдигарфаҳмии мардум буда, ба ҳар як инсон илҳом, умед ва неруи тоза мебахшад. Наврӯз ҳамчун ҷашни бостонӣ дар тӯли ҳазорсолаҳо дар рушди фарҳанги моддӣ ва маънавии миллати тоҷик нақши муҳим бозида, имрӯз ба як падидаи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст.

Дар ин замина, саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эҳё ва муаррифии байналмилалии Наврӯз махсус таъкид гардид. Боиси ифтихор аст, ки бо раҳнамоии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврӯз аз рамзи маҳдуди миллию минтақавӣ ба як ҷашни ҷаҳонӣ табдил ёфта, ҳамчун иди сулҳу дӯстӣ, ваҳдат ва эҳтироми фарҳангҳои гуногун шинохта мешавад.

Ба андешаи Бобоҷон Сатторзода, имсол ин ҷашн ба ду рӯйдоди муҳиму таърихӣ: 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ва 30-солагии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон рост меояд. Ин ҳамоҳангӣ рамзи рушди устувории донишгоҳ ва давлатамон мебошад.

Имрӯз Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамчун макони рушди тафаккур, маркази тадқиқоти илмӣ ва пойгоҳи эҳёи арзишҳои маънавӣ шинохта мешавад. Мо бояд дар роҳи донишандӯзӣ, таҳсил, тадқиқот ва гиромидошти арзишҳои ниёгонамон устувор буда, ҷиҳати тарбияи насли ҷавони соҳибкасб, ватандӯст ва хештаншинос саҳми намоён гузорем.

- Барои донишҷӯён ва устодон низ фарорасии Наврӯз фурсати нотакрор аст. Бо илҳом аз шарофати ин ҷашни муқаддас моро месазад, ки ба омӯзиш, тадқиқот ва эҷод машғул шавем, донишу малакаҳои худро такмил дода, дар рушди ҷомеа саҳм гузорем, - иброз дошт дар охир ректор.

Дар идома, як қатор устодону кормандон саҳми арзанда дар таълиму тарбия ва иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятӣ бо мукофотҳои соҳавӣ қадрдонӣ гардиданд.

Ҳамин тариқ, ба устодону кормандон Нигина Сироҷова, Раъно Мирмуҳамадзода, Абдураҳмони Баҳром ва Маҳмадшариф Раҳимов барои хизматҳои бисёрсолаи бенуқсон дар соҳаи маориф, саҳми арзанда дар таълиму тарбияи насли наврас, тайёр намудани кадрҳои болаёқат ва иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятӣ бо нишони Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.

Ҳамчунин, Шуҳрат Сулаймонзода, Муродалӣ Ҳусейнов, Гулрухсор Баротова, Фаррух Давлатов, Фариддун Давлатов, Наврӯз Ҷобиров ва Шарафҷон Раззоқбердиев бо Сипосномаи Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ карда шуданд.

Ҳамзамон, Қутбиддин Муқимов, Маҳмадназар Нуров, Наимҷон Шоасалов, Вайс Шарипов, Давлатҷон Ҳукматов, Абдуллоҷон Абдурасулов, Сулаймон Дӯстов, Ҳокимҷон Мирзоев, Хуршед Муъминов, Ҳафиз Маҳмудов, Рушангул Назарова ва Моҳигул Мостова барои саҳми арзишманд дар рушди соҳа, дастовардҳои назарраси меҳнатӣ, садоқат ба касб ва иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятӣ ба муносибати Иди байналмилалии Наврӯз бо Ифтихорномаи ДДМИТ сарфароз гардонида шуданд.

Дар баробари ин, тибқи фармоиши ректори донишгоҳ бо мақсади ҳамасмандгардонии фаъолияти илмию эҷодии донишҷӯёну магистрантон ҷиҳати тадбиқи амалии ташаббусҳои ҷаҳонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон озмунҳои дохилидонишгоҳӣ миёни донишҷӯён ва магистрантон доир гардида, ғолибон муайян шуданд. Ҳамин тавр, дар озмуни «Ҳифзи пиряхҳо ва криосфера, бахусус дар минтақаҳои кӯҳӣ» Макнуна Ахмедова соҳиби ҷойи 1-ум, Кибриё Мирзоева ҷойи 2-юм ва Дилшод Абдуназаров ҷойи 3-юмро насиб гардиданд.

Дар озмуни «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» Муҳаммад Ҳаймаҳмадов, ҷойи 1-ум, Дилангез Мирзодавлатова ҷойи 2-юм ва Машрап Раҳимзода ҷойи 3-юмро сазовор шуданд.

Дар фарҷоми чорабинӣ барномаи фарҳангии дастаи ҳунарии «Ҷавонӣ» бо суруду таронаҳои наврӯзӣ, васфи баҳор, зебоиҳои табиат, оғози кишту кори деҳқон ва рақсҳои ҷаззоб хотири ҳозиринро болида гардонид. Саҳначаҳои ҳаҷвии омоданамуда низ бо маҳорати баланд иҷро гардида, ба чорабинӣ руҳу равони тоза бахшиданд.

Ҳамин тавр, базми наврӯзии донишгоҳ баёнгари эҳёи суннатҳои миллӣ, худшиносӣ, ваҳдат ва фарҳангпарварии коллективи донишгоҳ гардид.

Наврӯз ҶОБИРОВ