Дар асоси нақшаи кории раёсати корҳои ташкилию тарбиявии донишгоҳ санаи 27-уми марти соли равон бо иштироки устодону донишҷӯёни факултети ҳисобдорӣ ва омор дар мавзуи «Террорист ватан, забон, нажод ва дин надорад” дарси сиёсию тарбиявӣ доир гардид.

Эдвайзер оид ба тарбияи факултет Исматулло Ҷумаев нахуст қайд намуд, ки ифротгароӣ ва терроризм зуҳуроти номатлуби замони муосир ба шумор рафта, мубориза бар зидди он қарзи ҳар як инсони комил мебошад. Терроризму экстремизм ва ифротгароӣ ҳамчун вабои аср бо амалҳою ҳодисаҳои номатлуб ба оромию амнияти сайёра ва пойдории давлатҳо таҳдиду хатарҳо эҷод карда, амну осоиш ва ваҳдати халқу миллатҳоро аз байн мебаранд.

Тавре Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд мекунанд: “Террорист ватан, забон, нажод ва дин надорад”.

Дар фарҷоми дарси сиёсию тарбиявӣ сармутахассиси раёсати корҳои ташкилию тарбиявӣ Мавҷуда Давлатова суханронӣ намуда, аз донишҷӯён даъват ба амал овард, ки дар мубориза ва муқовимат бо ин зуҳуроти нангини аср - терроризму экстремизм зиракии сиёсиро аз даст надода, баҳри ҳифзи амнияти миллӣ пайваста саъю талош варзанд.

Тағоймурод ЭШЗОДА