ДАВРИ ДОНИШГОҲИИ ОЗМУНИ «ШОҲНОМАХОНӢ» ЗАМИНАИ МУСОИД БАРОИ РУШДИ МИНБАЪДАИ ИСТЕЪДОДҲОИ ҶАВОН
Санаи 27 марти соли равон бо мақсади тарғиби мероси адабии ниёгон, таҳкими худшиносии миллӣ ва баланд бардоштани завқи китобхонӣ миёни ҷавонон даври донишгоҳии озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир гардид.
Нахуст, муовини ректор оид ба тарбия Шаҳноза Ғафорова иброз дошт, ки соли ҷорӣ озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор мегардад. Дар ин замина, 29 августи соли 2025 амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба баргузории ин озмун ба тасвиб расидааст. Чунин иқдомҳо ба ҷавонон имкон фароҳам меоранд, то ба ҷаҳони пурғановати адабиёти классикӣ ворид гардида, аз осори безаволи Абулқосим Фирдавсӣ сабақ гиранд ва эҳсоси ифтихор аз таъриху фарҳанги миллӣ дар замири онҳо тақвият ёбад.
Дар идомаи чорабинӣ сардори раёсати ташкиливу тарбиявӣ Сиёвуш Ҳабибов, сардори шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ Ҷумъахон Ҷангизода ва ҳайати устодон Ҷумъа Махшулов, Манзура Ҳасанова, Нигина Сироҷова ва Илҳом Мирзоев доир ба аҳамияти фарҳангиву маърифатии озмун суханронӣ карданд.
Таъкид гардид, ки озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» яке аз муҳимтарин рӯйдодҳои фарҳангӣ буда, ба гиромидошти мероси гаронбаҳои адабии халқи тоҷик «Шоҳнома» равона шудааст. Ин иқдом дар таҳкими худшиносии миллӣ, эҳёи арзишҳои таърихӣ ва боло бурдани эҳсоси ватандӯстӣ нақши муассир дорад. «Шоҳнома» ҳамчун шоҳкори ҷовидона давоми беш аз ҳазор сол инсониятро ба рӯҳияи қаҳрамонӣ, адолатпарварӣ ва инсонгароӣ ҳидоят намудааст.
Тибқи низомнома, барои донишҷӯён талаботи мушаххас, аз ҷумла аз ёд донистани на кам аз 2000 байт аз «Шоҳнома», шарҳи мазмуни порчаҳо ва достонҳо, донистани тарҷумаи ҳоли шоир, шинохти қаҳрамонони асосӣ ва корномаҳои онҳо, қироати ифоданок ва нақли равон, донистани таърихи эҷод ва аҳамияти асар муқаррар гардидааст.
Дар даври донишгоҳии озмун донишҷӯёни фаъол: Машраб Раҳимзода, аз факултети молия ва қарз, Фариштамоҳи Тоҷиддин, аз факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодӣ, Рукмина Меликзода, Комрон Толибов, аз факултети ҳисобдорӣ ва омор, Мавҷуда Додоҷонова, Пайғом Туҳурзода ва Нигора Муҳиддинова, аз факултети муносибатҳои иқтисоди байналмилалӣ ва Зайнаб Абдураҳмонзода, аз факултети иқтисоди рақамӣ ва технологияҳои инноватсионӣ ширкат варзида, маҳорати баланди суханварӣ ва дониши амиқи худро аз осори «Шоҳнома» намоиш доданд. Ғолибон ба даври навбатӣ роҳхат гирифтанд. Инчунин, устодон чун роҳбаладу роҳбари онҳо дар ин самт интихоб гардиданд.
Дар фарҷом таъкид гардид, ки даври донишгоҳии озмуни «Шоҳномахонӣ» дар ҳақиқат чеҳраҳои шоистаро муаррифӣ намуда, заминаи мусоидро барои рушди минбаъдаи истеъдодҳои ҷавон фароҳам овард.
Наврӯз ҶОБИРОВ
Тоҷ
Рус
Eng