ИНКИШОФИ БАРТАРИЯТҲОИ РАҚОБАТПАЗИРИИ ИҚТИСОДИЁТ
Рӯзи 28 марти соли равон бо ташаббуси раёсати илм ва инноватсия ва кафедраи умумидонишгоҳии назарияи иқтисодӣ конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ дар мавзуи «Инкишофи бартариятҳои рақобатпазирии иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити муосир» доир гардид.
Дар кори конференсия олимону муҳаққиқон масъалаҳои мубрами рушди иқтисодиёти кишвар, баланд бардоштани самаранокии истеҳсолот ва татбиқи инноватсияҳоро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Нахуст, муовини аввал, муовини ректор оид ба таълим Саидакмал Мирсаидов меҳмононро хайрамақдам гуфта, ҳадафи асосии конференсияро баррасии роҳҳои таҳкими рақобатпазирии иқтисоди миллӣ, мубодилаи таҷриба ва пешниҳоди тавсияҳои илмӣ дар шароити муосир арзёбӣ намуд. Қайд гардид, ки чунин ҳамоишҳо барои таҳияи пешниҳодҳои илмӣ ва амалӣ ҷиҳати таъмини рушди устувори иқтисодӣ ва баланд бардоштани мавқеи кишвар дар арсаи байналмилалӣ заминаи мусоид фароҳам меоранд.
Сипас, намояндаи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилшод Латипов дар мавзуи «Афзалиятҳои асосии рақобатпазирии иқтисоди миллӣ» маъруза намуда, зикр кард, ки дар шароити муосир раванди ҳамоҳангсозии сатҳи рушди иқтисодӣ дар ҷаҳон идома дошта, ин раванд барои рушди фаъолияти озоди иқтисодии хориҷӣ ва коҳиши монеаҳо замина мегузорад.
Дар идомаи конференсия узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Саидмуродзода Лутфулло Ҳабибулло дар мавзуи «Асосҳои консептуалии таъмини рақобатпазирии иқтисоди миллӣ» маъруза намуд.
Ба андешаи мавсуф, рақобатпазирии иқтисоди миллӣ қобилияти кишвар дар истифодаи самараноки захираҳо барои истеҳсоли молу хизматрасониҳои рақобатпазир дар бозорҳои гуногун мебошад.
Ҳамчунин, Амержанова Динара Амержановна, доктор PhD, дотсенти кафедраи молия ва ҳисобдории факултети иқтисод ва ҳуқуқи Донишгоҳи Торайгирови Ҷумҳурии Қазоқистон дар мавзуи «Рушди технологияҳои инноватсионии таълимӣ ҳамчун омили баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисодиёт: таҳлили муқоисавии моделҳои ҷаҳонии таълим» ба тариқи маҷозӣ баромад карда, нақши технологияҳои муосирро дар раванди таълим ва баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисодиёт баррасӣ кард. Таъкид гардид, ки системаи таълимии муосир бояд ба талаботи бозор ҷавобгӯ бошад ва барои омода кардани кадрҳои рақобатпазир мусоидат намояд. Инчунин, моделҳои ҷаҳонии таълим муқоиса шуда, зарурати беҳтар намудани механизмҳои маблағгузории инноватсия пешниҳод гардид.
Ибрагимов Бобуршох Боходир угли, доктори илмҳои иқтисодӣ, дотсенти кафедраи андоз ва андозбандии Донишгоҳи давлатии иқтисодии Ташкенти Ҷумҳурии Узбекистон дар мавзуи «Дурнамои рушди маблағгузории исломӣ дар низоми хизматрасониҳои молиявӣ» маъруза кард. Бобуршох Ибрагимов нахуст аз даъват изҳори сипос намуда, ин ҳамкориро барои табодули таҷриба муҳим арзёбӣ намуд.
Мавсуф барои таъмини устуворӣ ва солимгардонии низоми бонкӣ андешидани тадбирҳои зеринро, ба монанди тақвият бахшидани идоракунии корпоративӣ, ҷорӣ намудани хизматрасониҳои нав ва муосири бонкӣ, оғози раванди иҷозатномадиҳӣ барои фаъолияти бонкии исломӣ, таҳия ва қабули стратегияи фарогирии молиявӣ ва дигар чораҳои таҳкимбахши фаъолияти соҳа мувофиқи мақсад дониста, рушди низоми молиявии исломиро ҳамчун як самти алтернативии маблағгузорӣ баррасӣ кард.
Дар музокира профессорон Баҳром Сафаров, Манзуна Кошонова ва Шермаҳмад Ҷонмаҳмадов андешаҳои худро вобаста ба мавзуъҳои кори конференсия баён намуданд.
Дар фарҷоми конференсия мудири кафедраи назарияи иқтисодӣ Ғиёсиддин Ғафуров ба иштирокчиён изҳори сипос намуда, аҳамияти чунин ҳамоишҳоро барои рушди илми иқтисодӣ ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ муҳим арзёбӣ кард.
Инчунин, ба меҳмон - Ибрагимов Бобуршох Боходир угли туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.
Конференсия дар бахшҳо идома ёфта, ба таҳкими назария ва амалияи рушди иқтисоди миллӣ равона шуда, дар он масъалаҳои асосӣ, аз қабили инноватсия, рақобатпазирӣ, сармоягузорӣ, маориф ва сиёсати молиявӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Маърузаҳо бештар ба ҳамбастагии илм, амал ва сиёсати давлатӣ дар рушди устувори иқтисоди Тоҷикистон нигаронида шуда буданд.
Наврӯз ҶОБИРОВ
Тоҷ
Рус
Eng