ИШТИРОКИ УСТОДОНУ КОРМАНДОН ВА ДОНИШҶӮЁНИ ДДМИТ ДАР БАЗМИ НАВРӮЗИИ ВАЗОРАТИ МОЛИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Санаи 29-уми марти соли равон дар саҳни Тарабхонаи “Истаравшан”-и шаҳри Душанбе базми наврӯзии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Ба қатори дигар зертобеони вазорат, раёсати Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон низ таҳти роҳбарии ректор Сатторзода Бобоҷон Абдуҷаббор иштирок намуданд.
Ҳайати донишгоҳ аввалин шуда меҳмононро бо нону намак ва шеваи тоҷикона пешвоз гирифта, ба онҳо дастовардҳои илмӣ, дастурхони идонаи наврӯзӣ ва намунаҳои варзишро пешкаш намуда, хотири меҳмонон ва бинандагонро шоду мафтун гардониданд.
Тоҷ
Рус
Eng