ИН ШАҲРИ ҶАВОНИ ЛОЛАЗОРАТ ЗЕБОСТ!
Зимни баргузории “Сайри гули лола”-и факултети ҳисобдорӣ ва омор ва факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодӣ муовини ректор оид ба тарбия Шаҳноза Ғафорова ба иштирокчиён баҳои баланд дода, таъкид дошт, ки ҳадаф аз баргузории чорабинии мазкур, пеш аз ҳама, баланд бардоштани сатҳи маърифат, фарҳангу ҷаҳонбинӣ, бедор намудани завқи зебоипарастӣ дар зеҳни ҷавонону наврасон, инчунин, ободу зебо намудани ҳудуди шаҳри Душанбе ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Дар идома сардори раёсати ташкилию тарбиявии ДДМИТ Сиёвуш Ҳабибов афзуд, лола, ки бо номҳои «Арӯси сол» ва «Маликаи табиат» машҳур аст, дар фарҳанги тоҷикон таърихи беш аз 4000-сола дорад. Бино ба маълумоти таърихшиносон, нақши лола дар муҳрҳои сангӣ ва биринҷӣ ҳанӯз 20 аср пеш аз мелод сабт шудааст. Дар асрҳои III-V мелодӣ ин гул ҳамчун рамзи зебоӣ дар зарфҳои нуқрагин бо се гулбарг тасвир меёфт.
Лозим ба ёдоварист, ки фестивали мазкур бо Амри Президенти мамлакат аз 13 декабри соли 2018 инҷониб ҳамасола дар саросари кишвар гузаронида мешавад. Рамзи расмии он, ки соли 2019 тасдиқ гардидааст, нишони эҳёи анъанаҳои ниёгон ва шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.
Баргузории чунин фестивалҳо дар таълими ватанпарастии насли наврасу ҷавон ва муаррифии фарҳанги пурғановати миллӣ нақши бориз дорад.
Шуъбаи иттилоот ва нашрия
Тоҷ
Рус
Eng