ТАРАННУМИ ЗЕБОӢ ВА ЭҲЁИ АНЪАНАҲО
Дар доираи нақшаи чорабиниҳои раёсати ташкилию тарбиявии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон, санаи 30-юми марти соли 2026 дар факултети иқтисод ва идоракунии давлатӣ, факултети муносибатҳои иқтисоди байналмилалӣ ва факултети фаъолияти гумрукӣ ва амнияти иқтисодӣ Фестивали ҷумҳуриявии гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» бо шукӯҳу шаҳомати хос доир гардид.
Чорабинии мазкур бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2025 ва ба истиқболи сазовори ҷашни муқаддаси 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ шуд.
Дар фестивал донишҷӯён ва устодони факултетҳои номбурда бо завқи баланди зебоипарастӣ гӯшаҳои намоиширо бо гулҳои табиии лола, ороишоти миллӣ ва ҳунарҳои мардумӣ зиннат доданд. Ин иқдом на танҳо симои зоҳирии донишгоҳро шукуфон кард, балки дар зеҳни ҷавонон эҳсоси ватандӯстӣ ва ҳифзи табиатро бедор намуд.
Сиёвуш ҲАБИБОВ,
сардори раёсати ташкилию тарбиявии ДДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng