Рӯзи 1 майи соли 2026 бо ташаббуси Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин донандаи Кодекси андоз» миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар оғоз гардид.

Ҳадафи асосии озмун муаррифии ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баланд бардоштани маърифати андозсупорӣ, дастгирии соҳибкорӣ, такмили донишҳои назариявии донишҷӯён ва тақвият бахшидани ҳисси хештаншиносӣ мебошад.

Марҳилаи асосии озмун рӯзи 1 май дар ду номинатсия «даставӣ-назариявӣ» ва «даставӣ-амалӣ» баргузор гардида, беҳтарин дастаҳо муайян шуданд.

Тавре ректори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Сатторзода Бобоҷон Абдуҷаббор иброз намуд, ин озмун марҳилаи муҳим барои ташаккул ва рушди касбияти мутахассисони ояндаи соҳаи андоз ба ҳисоб меравад. Ҳар як иштирокчӣ имкон пайдо мекунад, ки на танҳо дониши назариявии худро вобаста ба Кодекси андоз нишон диҳад, балки барои омодагӣ ба фаъолияти касбӣ қадамҳои устувор гузорад.

Ҳадафи озмун танҳо санҷиши дониш набуда, балки фароҳам овардани заминаи мусоид барои фаҳмиши амиқи Кодекси андоз ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа мебошад. Ин ташаббус, барои рушди малака ва таҷрибаи касбии иштирокчиён мусоидат менамояд.

Дар идомаи суханронӣ ректори ДДМИТ таъкид намуд, ки барои ба расмият даровардани нишони озмун зарурати андешидани чораҳои ҷиддӣ ба миён омадааст. Бо ин мақсад, кафедраи андозбандӣ ва суғуртаи факултети иқтисод ва идоракунии давлатӣ вазифадор карда шуд, ки то анҷоми соли таҳсили 2025-2026 нишони озмунро дар Маркази миллии патенту иттилоот расман ба қайд гирифта, шаҳодатномаи онро дастрас намояд.

Дар озмун 17 даста аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ иштирок ва рақобат намуданд. Ба ҷумлаи онҳо Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, «Донишкадаи байналмилалии Хуҷанд»-и Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, Донишкадаи байналмилалии Левакант, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, Донишгоҳи давлатии Данғара, Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ва Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон дохил мешаванд.

Озмун аз рӯйи номинатсияҳои «Даставӣ-амалӣ» ва «Даставӣ-назариявӣ» баргузор гардида, дониши иштирокчиён аз ҷониби олимон ва мутахассисони соҳаи андоз ва андозбандӣ баҳогузорӣ карда шуд.

Ғолибони даври ниҳоӣ бо ҷойҳои 1, 2 ва 3 сарфароз гардида, бо Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ва Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ мешаванд.

Наврӯз ҶОБИРЗОДА