Рӯзи 2 майи соли 2026 дар толори конфронсии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон бо иштироки омӯзгорон ва донишҷӯён конференсияи илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Ҷалби ҷавонон ба омӯзиши технологияҳои навин» доир гардид. Чорабинии мазкур бо ибтикори муштараки донишгоҳ ва Академияи Софклаб гузаронида шуда, ба масъалаҳои муҳими рушди технологияҳои рақамӣ, зеҳни сунъӣ ва ҷалби ҷавонон ба соҳаи IT бахшида шуд.

Дар оғози ҳамоиш сардори раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ Ҷовидон Халифазода иброз дошт, ки имрӯз технологияҳои иттилоотӣ ва зеҳни сунъӣ ба яке аз самтҳои муҳимтарини рушди ҷомеаи муосир табдил ёфтаанд. Таҳти сиёсати дурбинонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳнамоии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи рақамикунонии иқтисод, рушди инфрасохтори IT ва омода намудани кадрҳои баландихтисос таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад.

Баргузории чунин конференсияҳо барои баланд бардоштани сатҳи дониш ва маърифати рақамии ҷавонон, инчунин, омода намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнати муосир заминаи мусоид фароҳам меорад.

Ҳамзамон, декани факултети иқтисоди рақамӣ ва технологияҳои инноватсионӣ София Темурбекова иброз дошт, ки чорабинӣ дар доираи татбиқи сиёсати давлатӣ ҷиҳати рақамикунонии соҳаҳои гуногун, рушди технологияҳои иттилоотӣ ва омода намудани мутахассисони соҳибкасб баргузор гардидааст. Баланд бардоштани шавқу рағбати ҷавонон ба омӯзиши технологияҳои муосир ва рушди тафаккури инноватсионӣ яке аз ҳадафҳои муҳими чунин ҳамоишҳо мебошад.

Ҳадафи асосии он баланд бардоштани маърифати рақамии ҷавонон, тавсеаи ҷаҳонбинии технологӣ ва ҳидоят намудани донишҷӯён ба омӯзиши технологияҳои муосир арзёбӣ гардид.

Дар идомаи конференсия мутахассисони варзидаи соҳаи технологияҳои иттилоотӣ бо маърузаҳои пурмуҳтаво баромад намуданд.

Роҳбари филиали Академияи Софклаб дар ноҳияи Сино Наҷибулло Шамсуддинов дар мавзуи «IT - омили пешбарандаи ҳамаи соҳаҳо» суханронӣ намуда, нақши технологияҳои рақамиро дар рушди иқтисод, низоми бонкдорӣ, маориф, тандурустӣ ва дигар бахшҳои ҳаёти ҷомеа муҳим арзёбӣ кард. Ӯ таъкид намуд, ки имрӯз ягон соҳаи муосирро бидуни истифодаи технологияҳои иттилоотӣ тасаввур кардан ғайриимкон аст.

Ба андешаи баромадкунанда, IT маҷмуи компютерҳо, барномаҳо, шабакаи интернет ва дигар воситаҳоест, ки барои ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ ва интиқоли иттилоот истифода мешаванд. Мавсуф зикр кард, ки технологияҳои иттилоотӣ суръати корро баланд бардошта, хароҷотро кам ва самаранокиро зиёд менамоянд. Ҳамчунин, ҳар шахс, новобаста аз ихтисос, метавонад ба соҳаи IT ворид шавад ва дар ин самт муваффақ гардад.

Сипас, роҳбари филиали Академияи Софклаб дар ноҳияи Шоҳмансур Хайриддин Сахиев дар мавзуи «Нақши роботҳо дар саноат ва ҳаёти инсон» маъруза намуда, доир ба имкониятҳои васеи зеҳни сунъӣ ва истифодаи он дар бахшҳои гуногуни ҷомеа маълумоти муфассал пешниҳод кард. Имрӯз зеҳни сунъӣ ба рушди иқтисоди рақамӣ таъсири назаррас расонида, омӯзиши он барои ҷавонони муосир аҳаммияти махсус дорад.

Мавсуф зимни баромади худ нақши роботҳоро дар саноати муосир муҳим арзёбӣ намуда, таъкид кард, ки роботҳо метавонанд корҳои вазнин, такрорӣ ва хатарнокро бо суръат ва дақиқии баланд иҷро намоянд. Истифодаи роботҳо боиси баланд гардидани сифати маҳсулот, таъмини бехатарии коргарон, кам шудани хароҷот ва фаъолияти шабонарӯзии истеҳсолот мегардад.

Дар навбати худ, роҳбари бахши кӯдаконаи Академияи Софклаб дар ноҳияи Сино Мирзов Муҳаммадҷон дар мавзуи «Чӣ тавр ҳар кас метавонад ба соҳаи барномасозӣ ворид шавад?» суханронӣ намуда, роҳҳои омӯзиши технологияҳои рақамӣ, барномасозӣ ва рушди малакаҳои муосирро шарҳ дод.

Ӯ ҷавононро ба омӯзиши пайваста, худтакмилдиҳӣ ва истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда ҳидоят намуда, чунин маслиҳатҳои муҳим пешниҳод кард: интихоби як самти мушаххас ва мутахассис шудан дар он; аз як курс ба курси дигар нагузаштан ва то анҷом расонидани омӯзиш; машғул шудан бо лоиҳаҳои амалӣ; омӯзиши доимии технологияҳои нав; пайдо намудани роҳнамо; иштироки фаъолона дар hackathon ва чорабиниҳои IT; барқарор намудани робита бо мутахассисони соҳа; сабру таҳаммул ва меҳнати пайваста барои ворид шудан ба соҳаи IT.

Қисмати ҷолиби конференсия бахши саволу ҷавоб бо роботи «АВТОТОҶ» гардид. Донишҷӯён ва омӯзгорон аз имкон истифода бурда, вобаста ба омӯзиши барномасозӣ, касбҳои рақамӣ, зеҳни сунъӣ ва дурнамои рушди соҳаи IT ба мутахассисон ва роботи маҳсули зеҳни сунъӣ саволҳо пешниҳод намуданд.

Дар анҷоми чорабинӣ таъкид гардид, ки баргузории чунин конференсияҳо барои баланд бардоштани маърифати технологӣ, рушди тафаккури инноватсионӣ ва омода намудани ҷавонони рақобатпазир мусоидат менамояд. Иштирокчиён иброз доштанд, ки омӯзиши технологияҳои навин ва касбҳои рақамӣ яке аз талаботи муҳими замони муосир буда, ҷавонон бояд барои аз худ намудани ин самтҳои ояндадор талоши бештар намоянд.

 

Наврӯз ҶОБИРЗОДА