1 майи соли 2026 тибқи мактуби ирсолнамудаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 феврали соли 2026 таҳти №02-4/203 дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи устод А. Фирдавсӣ аксияи тарғиботии «Тоҷикона мепӯшем» баргузор гардид.

Ҳадафи асосии чорабинӣ тарғибу ташвиқи либоси миллӣ ҳамчун таҷассумгари фарҳанг, оин ва арзишҳои миллии халқи тоҷик маҳсуб ёфта, дар он занону донишҷӯдухтарони донишгоҳ фаъолона иштирок намуданд.

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Либоси миллии тоҷикӣ, аз ҷумла атласу адрас ва чакан, таҷассумгари фарҳанг, зебоӣ ва анъанаҳои қадимаи миллати мо мебошад».

Либоси миллӣ қисми ҷудонашавандаи фарҳанг ва анъанаҳои мардуми тоҷик ба шумор рафта, рамзи ҳувият, зебоӣ ва таърихи ғании миллат мебошад. Ҳар як курта, ҳар як гулдӯзӣ ва ҳар як нақшу нигори он арзиши маънавӣ дошта, мероси гаронбаҳои гузаштагони мост.

Аз замонҳои қадим мардуми тоҷик ба зебоӣ ва нафосати либос аҳамияти махсус медоданд. Либосҳои миллӣ бо рангҳои ҷолиб, матоъҳои сабук ва гулдӯзиҳои нозук омода гардида, ҳунару маҳорати волои занони тоҷикро инъикос менамоянд. Барои бонувон куртаҳои рангоранг, адрасу атлас, чакан ва рӯймолҳои миллӣ хос буда, мардон низ ҷома, курта ва тоқиро бо ифтихор ба бар мекунанд.

Имрӯзҳо таваҷҷуҳи ҷавонон ба либоси миллӣ беш аз пеш афзоиш ёфта, ин раванд нишонаи эҳтиром ба фарҳанги миллӣ, худшиносӣ ва ифтихор аз давлату миллат мебошад. Пӯшидани либоси тоҷикона на танҳо ҳусни инсонро зеб мебахшад, балки паёми арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва ҳифзи анъанаҳои ниёгонро ифода мекунад.

Махсусан, дар рӯзҳои идона, аз ҷумла ҷашни Наврӯз, чорабиниҳои фарҳангӣ, тӯю маъракаҳо ва ҳамоишҳои расмӣ, либоси миллӣ шукуҳу шаҳомати хос пайдо мекунад. Ин гуна иқдомҳо барои таҳкими ҳисси ваҳдат, худогоҳӣ ва дӯст доштани фарҳанги миллӣ мусоидат менамоянд.

Дар фарҷоми чорабинӣ иштирокчиён иброз доштанд, ки пос доштани либоси миллӣ ва тарғиби он вазифаи ҳар як фарди худогоҳи ҷомеа мебошад.

 

Маҳбуба ҒАФФОРОВА,

мутахассиси бахши кор бо духтарону занон