БА ДОНИШҶӮЁН ТАРЗИ ҲУҶҶАТНИГОРӢ ОМӮЗОНИДА ШУД
Омӯзиши ҳуҷҷатнигорӣ ва донистани асосҳои қонунгузорӣ барои ҳар як донишҷӯ ҳамчун мутахассиси ояндадор аҳаммияти муҳим дошта, ба рушди фарҳанги ҳуқуқӣ ва касбии онҳо мусоидат менамояд.
Ба ин хотир, мувофиқи нақшаи чорабиниҳои раёсати ташкилию тарбиявии донишгоҳ, 14-уми майи соли ҷорӣ дар 29 гурӯҳи академии факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодӣ дарси тарбиявӣ таҳти унвони «Ҳуҷҷатнигорӣ ва қонунгузорӣ» доир гардид.
Ҳадафи асосии баргузории ин дарси тарбиявӣ баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии донишҷӯён, ташаккули малакаи дурусти ҳуҷҷатнигорӣ ва шинос намудани онҳо бо меъёрҳои амалкунандаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт. Зимни баргузории дарс кураторони гурӯҳҳо доир ба тартиби таҳия ва пешниҳоди ҳуҷҷатҳои расмӣ, аз ҷумла ариза, баёнот, забонхат, тарҷумаи ҳол, тавсифнома ва дигар санадҳои зарурӣ ба донишҷӯён маълумоти муфассал пешниҳод намуданд.
Ҳамзамон, ба иштирокчиён фаҳмонида шуд, ки риояи меъёрҳои ҳуҷҷатнигорӣ яке аз омилҳои муҳими фаъолияти касбӣ ва иҷтимоии ҳар як шаҳрванд ба шумор рафта, дуруст ва босавод таҳия намудани ҳуҷҷатҳо масъулиятшиносӣ ва фарҳанги баланди муоширатро инъикос менамояд. Дар ҷараёни суҳбат, инчунин, масъалаҳои марбут ба риояи қонун, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Кураторони гурӯҳҳо бо истифода аз намунаҳои амалӣ тарзи дуруст навиштан ва пешниҳоди ҳуҷҷатҳоро нишон дода, ба саволҳои гуногуни донишҷӯён посухҳои мушаххас ва муфид доданд. Барои боз ҳам такмил додани дониш ва малакаи донишҷӯён адабиёти соҳавӣ ва маводи омӯзишии зарурӣ тавсия карда шуд.
Шуъбаи иттилоот ва нашрия
Тоҷ
Рус
Eng