ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ КАФЕДРАИ ИҚТИСОДИЁТИ МОЛИЯВӢ ВА ФАЪОЛИЯТИ БИРЖАВӢ
Кафедраи иқтисодиёти молиявӣ ва фаъолияти биржавии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҷиҳати пайванди илм бо истеҳсолот пайваста чорабиниҳои судмандро амалӣ менамояд. Кафедраи номбурда бо сохторҳои илмию татқиқотӣ, инчунин, бо муассисаҳои молиявию фондии кишвар ҳамкориҳои густурдаро дар ин самт ба роҳ мондааст.
Донишҷӯёни ихтисосҳои бозори фондии донишгоҳ пайваста ба таҷрибаомӯзии таълимию истеҳсолӣ ва пешаздипломӣ ба муассисаи нави молиявии фондии ватании ҶСК «Биржаи фондии Осиёи Марказӣ» ва ҶСП «ТАКХ Капитал-Траст» сафарбар гардида, дар ин макон донишҳои назариявии худро пайваста такмил медиҳанд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки саҳми чунин муассисҳои фондӣ дар тайёр намудани мутахассисони баландихтисос ниҳоят баланд арзёбӣ мегардад.
Дар доираи ҳамкориҳои судманди кафедраи иқтисодиёти молиявӣ ва фаъолияти биржавии донишгоҳ ҶСК «Биржаи фондии Осиёи Марказӣ» ва ҶСП «ТАКХ Капитал-Траст» дар самти дастрас намудани маводҳои таълимӣ, китобҳо, маҷаллаҳо ва варақаҳои махсуси соҳавӣ мусоидати фаъол менамояд.
Боиси хушнудист, ки 14 майи соли равон аз тарафи биржаи номбурда зиёда аз 30 адад маводи таълимӣ дар шакли маҷаллаҳои илмии соҳавӣ ба Китобхонаи илмии донишгоҳ тақдим гардид, ки донишҷӯён метавонанд аз ин самаранок истифода намоянд.
Итминони комил аст, ки дар сурати тақвияти чунин ҳамкориҳо савияи донишазхудкунии донишҷӯён рӯз то рӯз баланд хоҳад рафт.
Шуъбаи иттилоот ва нашрия
Тоҷ
Рус
Eng