ЛОИҚ - САРСУПУРДАИ МИЛЛАТ ВА ЗАБОНИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКӢ
Ба ифтихори 85-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ дар китобхонаи илмии донишгоҳ маҳфили илмӣ-адабии умумидонишгоҳӣ доир гардид.
Маҳфилро муовини ректор оид ба илм ва инноватсия Қудбиддин Муқимов ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки дар таърихи адабиёти тоҷик кам шоироне пайдо шудаанд, ки ба мисли устод Лоиқ Шералӣ чунин маҳбубияту шуҳратро соҳиб гардида бошанд. Осори Лоиқ миёни мардум ҷойгоҳи хос дошта, имрӯз низ шеърҳои ӯ вирди забони дӯстдорони адаб мебошанд. Аксари ҳофизони маъруф ба ашъори Лоиқ оҳанг бастаанд ва шеърҳои шоир то ҳол сарчашмаи беҳтарин суруду таронаҳо ба ҳисоб мераванд.
Сипас, номзади илмҳои филологӣ, устоди кафедраи забони тоҷикӣ Нигина Сироҷова дар мавзуи «Лоиқ - сарсупурдаи миллат ва забони давлатии тоҷикӣ» суханронӣ намуда, аз ҷойгоҳ ва нақши шоир дар рушди адабиёти миллӣ ва ҳифзи забони тоҷикӣ ёдовар шуд. Бузургии устод Лоиқ дар мардумӣ будани ашъораш таҷассум меёбад. Шеърҳои ӯ бо дарду ормонҳои мардум ҳамнаво буда, бо забони сода, ширин ва равон эҷод шудаанд.
Ҳамчунин, таъкид гардид, ки муҳаббат ба ашъори Лоиқ кайҳо аз марзҳои Тоҷикистон фаротар рафта, дар миёни форсизабонони дигар кишварҳо низ маҳбубияти зиёд пайдо кардааст. Бо ташаббуси устод анҷуманҳои тоҷикони ҷаҳон ва маҳфилҳои адабии «Ширу шакар» баргузор мегардиданд, ки дар онҳо шоирони Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон иштирок намуда, миёни ҳам шеърхонӣ ва мубодилаи афкор менамуданд.
Муаллими калони кафедраи забони тоҷикӣ Илҳом Мирзоев дар мавзуи «Худшиносии миллӣ дар ашъори Лоиқ» баромад намуда, зикр кард, ки мавзуи Ватан дар осори шоир ҷойгоҳи марказӣ дорад. Шеърҳои «Ватан», «Хоки Ватан», «Аз боми ҷаҳон, аз номи ҷаҳон», «Оли Сомон», «Ифтихор», «Ворисон», «Кишвари ман - модари ман», «Ушшоқи Душанбе», «Замини меросӣ», «Зиндарӯди Панҷрӯд» ва «Хуросони бузург» аз беҳтарин намунаҳои ашъори ватандӯстонаи Лоиқ мебошанд. Шоир мафҳуми Ватанро бо эҳсоси баланд ва тасвирҳои мушаххасу муассир ба қалам додааст.
Дар идомаи маҳфил меҳмони чорабинӣ, шоира, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Назокат Олимзода аз ашъори устод Лоиқ порчаҳо қироат намуда, ғазали тозаи худро, ки дар васфи шоир эҷод кардааст, пешкаши ҳозирин гардонд.
Доктори илмҳои филология, профессори кафедраи забони тоҷикӣ Наргис Аслонова зимни баромади худ аз дӯстиву ҳамкориҳои адабии падари марҳумаш Наимҷон Нозирӣ бо устод Лоиқ Шералӣ ёдовар шуда, хотираҳои ҷолиб нақл намуд. Дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳар рӯз рӯзи Лоиқ аст, зеро ашъори ӯ ҳамеша вирди забони мардум мебошад.
Дар қисмати фарҳангии маҳфил донишҷӯён Нигора Махсулзода, Меҳринигор Исозода, Амриддин Пиров, Нозия Раҳмонзода, Зӯҳро Бобомуродова, Дилсора Раҷабзода ва Ҷонибек Неъматов аз ашъори шоир ғазалу рубоиҳо қироат намуда, хотири ҳозиринро болида гардониданд.
Дар фарҷоми маҳфил таъкид гардид, ки таҷлили 85-солагии Лоиқ Шералӣ нишонаи эҳтиром ва арҷгузории мардуми тоҷик ба шахсияти бузурги адабӣ ва хизматҳои мондагори ӯ мебошад. Осори Лоиқ имрӯз низ барои тарбияи маънавӣ, худшиносии миллӣ ва бедории ҳисси ватандӯстии ҷомеа нақши муҳим дорад.
Тағоймурод ЭШЗОДА
Тоҷ
Рус
Eng