БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАЪРИФАТИ ДОНИШҶӮЁН
Ҳафтаи гузашта бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҳамкорӣ бо раёсати ташкилию тарбиявии донишгоҳ гурӯҳе аз донишҷӯёни курси якуми факултети ҳисобдорӣ ва омор бо мақсади баланд бардоштани маърифати таърихию фарҳангӣ ва шиносоӣ бо мероси миллӣ аз Маҷмааи Исмоили Сомонӣ ва Боғи фарҳангу фароғати ба номи устод Рӯдакӣ дидан намуданд.
Зимни боздид донишҷӯён бо ёдгориҳои таърихию фарҳангии ин мавзеъҳо шинос шуда, оид ба таърихи пайдоиш, арзиши фарҳангӣ ва аҳамияти онҳо маълумоти муфассал гирифтанд. Ба донишҷӯён таъкид гардид, ки Маҷмааи Исмоили Сомонӣ ва Боғи фарҳангу фароғати ба номи устод Рӯдакӣ аз ҷумлаи мавзеъҳои муҳими таърихию фарҳангии пойтахт ба ҳисоб рафта, дар шинохти таърих ва фарҳанги миллӣ нақши муҳим доранд.
Баргузории чунин чорабиниҳои маърифатӣ барои баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, эҳтиром ба таъриху фарҳанги миллӣ ва ғанӣ гардонидани ҷаҳонбинии донишҷӯён мусоидат менамояд.
Донишҷӯён таассуроти хуб бардошта, ин тамошоро барои худ омӯзанда ва хотирмон арзёбӣ намуданд.
Тағоймурод ЭШЗОДА
Тоҷ
Рус
Eng