Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии ҷавонон ва фароҳам овардани имконияти шиносоии донишҷӯён бо фаъолияти амалии низоми бонкӣ вохӯрии намояндагони Спитаменбонк дар шаҳри Душанбе бо донишҷӯёни курси чоруми факултети молия ва қарз доир гардид, ки дар он сардори раёсати илм ва инноватсияи ДДМИТ Ҷовидон Халифазода, муовини декан оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ Ҷонибек Зубайдов, мудирони кафедраҳо иштирок намуданд.

Нахуст, сардори раёсати илм ва инноватсия Ҷовидон Халифазода иброз дошт, ки бо ташаббуси роҳбарияти донишгоҳ ҷиҳати таҳкими ҳамкорӣ бо ташкилоту муассисаҳои гуногун тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ гардидаанд. Чунин ҳамкориҳо барои баланд бардоштани сифати таълим, пайвастани донишҳои назариявӣ бо таҷрибаи амалӣ ва омода намудани мутахассисони рақобатпазири оянда заминаи мусоид фароҳам меоранд.

Инчунин, гуфта шуд, ки баланд бардоштани сифати таълим ва омода намудани кадрҳои соҳибкасб яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатии соҳаи маориф ба ҳисоб рафта, роҳандозии ҳамкориҳои муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бо ташкилоту муассисаҳои соҳавӣ аҳамияти махсус дорад. Дар ин замина, баргузории вохӯриҳои тахассусӣ бо намояндагони муассисаҳои молиявӣ ба донишҷӯён имкон медиҳад, ки донишҳои назариявии худро бо таҷрибаи амалии соҳа тақвият бахшанд.

Сипас, Э. Раҳмонов, сармутахассиси шуъбаи кадрҳои Спитаменбонк барои фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати баргузории вохӯрӣ изҳори сипос намуда, иброз дошт, ки чунин чорабиниҳо дар доираи тадбирҳои баланд бардоштани саводнокии молиявии аҳолӣ ва иҷрои ҳадафҳои марбут ба рушди фарҳанги молиявӣ баргузор мегарданд.

Зимни вохӯрӣ масъалаҳои муҳими саводнокии молиявӣ, аз ҷумла тарзи дурусти идора намудани маблағҳои шахсӣ, пасандоз ва амонатгузорӣ, истифодаи ҳамёнҳои электронӣ ва кортҳои бонкӣ, инчунин, аҳамияти гузариш ба пардохтҳои ғайринақдӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Намояндаи бонк дар бораи таърихи таъсис ва фаъолияти Спитаменбонк, хизматрасониҳои муосири бонкӣ ва имкониятҳои истифодаи воситаҳои рақамии молиявӣ маълумоти муфассал пешниҳод намуд. Таъкид шуд, ки баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявӣ ба шаҳрвандон имкон медиҳад, ки маблағҳои худро оқилона ва самаранок идора намуда, ҳангоми истифодаи хизматрасониҳои молиявӣ қарорҳои дуруст қабул кунанд.

Дар идомаи мулоқот миёни донишҷӯён ва намояндагони бонк саволу ҷавоби озод доир гардид. Донишҷӯён вобаста ба хизматрасониҳои бонкӣ, истифодаи кортҳои пардохтӣ, пасандозгузорӣ, пардохтҳои ғайринақдӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба фаъолияти низоми бонкӣ саволҳои худро пешниҳод намуда, ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

Дар фарҷоми вохӯрӣ ба донишҷӯён кортҳои бонкии ройгон тақдим карда шуданд.

Дар охир зикр гардид, ки ин гуна вохӯриҳо дар таҳкими ҳамкориҳои муассисаи таҳсилоти олӣ бо ташкилоти молиявӣ, баланд бардоштани донишу малакаҳои амалии донишҷӯён ва ташаккули фарҳанги дурусти молиявии ҷавонон қадами муҳим ба ҳисоб меравад.

 

Наврӯз ҶОБИРЗОДА